НОМАИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз!

  Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, пеш аз ҳама сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу босаодат, файзу баракат, оромию осудагӣ ва зиндагии шоистаро орзумандам.

  Бисту шаш сол мешавад, ки мо – сокинони шарафманди ноҳия дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тайи ин солҳо кулли сокинони ноҳия хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

  Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муқаддас аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омада имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромии бебозгашт барқарор гардад.

  Халқи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ба талоши суботи оромӣ сарбаландона гузашт.

  Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфта, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандону гуреза шудаи беш аз 1 миллион нафар ҳамватанони гардида, даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимову иншооти ҳаётан муҳим харобу валангор шудананд.

  Хушбахтона бо талошҳои ҳамешагӣ ва шабонарӯзии Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.

  Баъди имзои Созишномаи сулҳ  зиёда аз 1 миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан буда, ба маҳалли зист ба хонаву манзили худ баргаштанд. Баробари барқарор гардидани сулҳу суббот дар ҷомеа мо имкон пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани Истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду осӯда баргузор намоем.

   Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи мо сабақи хело муҳим бахшид.  Ваҳдате, ки кишварамон ба даст овард ғалабаи ақли солими инсони буд, ки ин ҳақиқати баҳснопазир аст. Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа  қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд».    

   Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад.

 Барои ҳар фард лозим аст, ки сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва забони модарии худро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

 Бори дигар Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдату оромии ҷовидона орзу менамоям.

26 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак,

 ҳамдиёрони азиз!