Санаи 23-юми майи соли 2023 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ–шаҳраки Меҳрон гуруҳе аз ҷавонону фаъолони ноҳия ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд. Сипас дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки масъулин ва ҷавонону фаъолон доир шуд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода паёми табрикии Раиси ноҳия Хайрулло Бобозодаро ироа намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудаанд. Ҳамчунин, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ғамхории бештар дошта, ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат арзёбӣ намудаанд. Ин ҳам бошад ҳамасола баҳри дастгирии ҷавонон даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабул гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар нохия мусобиқоти гуногуни варзишӣ аз ҷумла, футболи хурд, волейбол, инчунин Дави миллӣ ва веломарафон, гузаронида шуд. Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби масъулин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва чанде аз ҷавонони фаъоли ноҳия бо тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир ҳунармандону ҳофизон бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ таъби ҳозиринро болида намуданд.