Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони саодатманд!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама саломатию сарбаландӣ, бахту саодат, неруи қавӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудаанд.
Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу пойдории Истиқлоли миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро бо иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш менамояд, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ ба ҷавонон чунин иброз менамоянд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро омӯзанд аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Ояндаи кишварамон комилан ба таҳсил, дониш андӯхтан, меҳнати ҳалолу ахлоқи ҳамидаи Шумо вобаста аст, дар ин роҳ ҳисси ватандӯстӣ, шарафу номӯси миллии Шумо бояд дар маддӣ аввал бошад.
Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад, зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз Шумо насли ояндасози кишвар умеди калон дорем.
Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ сол аз сол тақвият меёбад.
Рушд додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намудаанд: «Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад», «Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем».
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо таҳсили намунавӣ соҳиби илму маърифат гардида, ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонанд.
Имрӯзҳо ҷавонони мо дар мусобиқаҳои варзишии дохилию берунӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардида истодаанд.
Дар охир бори дигар ба ҳамаи ҷавонони бонангу номуси ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, азму иродаи қавиро орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!