Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ

Дави миллӣ ҳамчун маъракаи умумимиллӣ барои солимӣ ва оммавигардонии варзиш дар саросари кишвар баргузор мегардад. Бо ин мақсад санаи 21-уми май дар маркази маъмурии ноҳия–шаҳраки Меҳрон чорабинии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинии варзишӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар назди ҳозирин баромад намуда, баён дошт, ки аз оғози соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, дастгириву ғамхории ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мусобиқаи Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар гузаронида шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Дави миллӣ аз назди Қасри фарҳанги ноҳия оғоз гардида, дар ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва инчунин гуруҳи зиёди сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ҳамчунин, рӯзи Дави миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик ва Ҷамоати деҳоти Лангар бо иштироки зиёди одамони касбу кори гуногун ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи Дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор мегардад.