Даври ноҳиявии озмун доир гардид

Санаи 15-уми май бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд ва иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои боз ҳам боло бардоштани маърифати миллат ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа мусоидат менамояд. Сипас озмун аз рӯи номинатсияҳои муқарраргардида баргузор гардида, дар он зиёда аз 150 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Аз ҷониби ҳакамон рафти озмун назорат бурда шуда, ба беҳтаринҳо барои иштирок дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки тайи панҷ сол аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад.

Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023, таҳти
№АП-330 ба тасвиб расид.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр барпо мегардад. Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ карда мешаванд.