ПОСИ ХОТИРАИ НЕКИ ГУЗАШТАГОН

Ҳар гоҳе, ки санаи 9-уми май фаро мерасад, ба ёди ҳар як фарди ватандӯст солҳои ҷанги хонумонсӯзу даҳшатнок, солҳои 1941-1945 мерасад. Ин ҷангро дар таърих Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном ниҳодаанд. Ин ҷанг ба таври ногаҳонӣ, бе огоҳии пешакӣ аз тарафи роҳбарони сиёсии Олмони фашистӣ тарҳрезӣ шуда, 22-юми июни соли 1941 аҳдшиканона оғоз ёфт.

Роҳбарони онвақтаи Олмон ин ҳуҷумро бо номи рамзии «Барбарос» тасдиқ намуданд, ки ин маънои «Барқосо»-ро дошта, тибқи ин амалиёт бояд артиши шӯравиҳо дар муддати кӯтоҳ торумор  мегардид. Аммо тамоми понздаҳ ҷамоҳири шӯравии собиқ ИҶШС  баҳри дифоъ аз Ватан ва номуси ватандорӣ ҷони худро дар гарав монда истода бар зидди фашизм хестанд ва истодагароёна тавонистанд ин балоро рафъ созанд. Ниҳоят бо туфайли рӯҳи тавонои «шикастнопазир»-и худ мардуми шӯравӣ санаи 9-уми майи соли 1945 ғалабаеро, ки давоми 5 сол умедвор буданд, ба даст дароварданд. Яъне Олмони  фашистӣ санаи 8-уми майи соли 1945 санади таслимшавиро имзо гузошт.

Аз Тоҷикистони азизи мо низ нафарони зиёд ба ҷабҳа ихтиёрӣ сафарбар гаштанд. Зиёда аз 300 ҳазор нафар дар ин ҷанг беному нишон ва ҳалок гаштанд. Як қисми ин ҳалокгаштагон бо унвонҳои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардонида шуданд, ки барои ояндагон мояи ифтихор гардид. Қисми дигар аз ҷанговарони тоҷик бо сари баланд ва саршор аз мамнуниятҳо аз музаффариятҳо ба назди ҳамдиёронашон баргаштанд ва ҳамчун китоби хотироти он давраҳо ба мардум хизмат намуданд.

Иродаи меҳандӯстӣ ва ҳисси пайравӣ бо гузаштагони худ ҳомиёни Ватанро водор кард дар ҳолатҳои зарурӣ ҷони азизи худро низ дареғ надошта, дар Ғалаба дар ин ҳарб саҳми босазои худро нишон диҳанд.

Аз ноҳияи кӯчаки Мастчоҳи онвақта низ нафарони зиёде аз синну соли гуногун дар мисоли Муллораҷаб Зуҳуров, Ҳабиб Мӯъминов, Абдукарим Неъматуллоев, Саидбек Улуғов, Азим Ҳомидов, Ҷумъабой Қурбонов, Ҷалил Олимов, Аваз Одинаев, Содиқ Холиқов, Қурбон Саидов, Наҷмиддин Қурбонов, Қайюм Қодиров, Заҳруддин Аминов, Асад Арбобов, Маҳадмурод Шомуродов, Насим Салимов, Саидолим Раҷабзода, Наврӯз Раҷабов, Рӯзибек Аҳмедов, Айвазмаҳмад Бобоев, Юнус Абдуллоев, Мирзоюсуф Ибодуллоев, Абдураҳим Маликов, Шариф Саидов, Муллоасрор Ризоев, Маҳадсобир Шарифов, Абдуқаюм Аминов, Абдураҳмон Каримов, Муллоамин Иброҳимов, Холмаҳмад Холов, Ҳақназарбек Ҳусейнов, Домулло Ғафуров, Мирзо Остонаев, Ҳайдар Остонаев, Азим Ниёзов, Холмаҳмад Валиев, Сангинмаҳмад Бойматов, Абдурауф Мирзоев, Холмаҳмад Нозиров, Ашӯрбоқӣ Ҳусейнов, Фатҳулло Холов, Ниёзхоҷа Мӯсоев, Холиқназар Мирзоев, Офтоб Қурбонова, Бадӣ Самиев, Ниёз Асадов, Одина Холов, Одина Шомирзоев, Бойтошмаҳмад Тошев, Маҳадалӣ Ҳошимов, Нозим Қурбонов, Боқӣ Кӯчаков, Зубайдулло Маъруфов, Мирзораҳим Раҳимов, Саидмирзо Раҳимов, Ҳомид Азимов, Усмоналӣ Усмонов, Саидолим Раҷабов, Муллосолеҳ Бобоев, Муллоимом Ёров, Бурҳон Икромов, Мирзоҳайдар Сафаров, Фозил Файзиев, Ёрмаҳмад Имомов, Одинабек Ниёзов, Ниёзмаҳмад Назаров, Маҳмадсаид Мирзоев, Мираҳмад Ҳалимов, Ҳабиб Мирзоев, Одина Шарифов, Муллоазим Ҳоҷиев, Бахтиёр Мӯъминов, Муллонадир Надиров, Авазмаҳмад Тиллоев, Одинамаҳмад Ниёзов, Сафар Сафаров, Ноёб Ҳусейнов, Шаҳобуддин Аловаддинов, Саид Маҷидов, Маҳадбадӣ Вазиров, Азиз Шехов барои рафтан ба фронт, майдони мардонагиву қаҳрамонӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бо ариза барои сафарбаршавӣ ба фронт муроҷиат намуда, нангу номуси ватандӯстиро ба ҳаммеҳанони худ ва оламиён нишон доданд.

Қисми калонсоли мастчоҳиён низ ташаббусу матонати бузург нишон дода истода, дар ин мавридҳо бетараф истоданро ба худ ор дониста, ба баталионҳои коргарӣ ихтиёрӣ номнавис гардида, дар барқарорнамоӣ ва омодасозии шароитҳои муносиб барои аскарон-ҷанговарон саҳми арзанда мегузоштанд.

Дигар табақаи аҳолӣ низ саҳми худро дар ғамхорӣ ба аскарон дида, мувофиқи шароит ва имконоти худ ба фронт сарулибоси гарм ва хӯрок мефиристоданд, то мушкилоти майдони ҷанг аскаронро хаста накунад. Умуман, тамоми халқи шӯравӣ барои мубориза бар зидди ин ҳодисаи манҳус ба по хест, яке бо қувва, дигаре бо қалам, то  насли оянда минбаъд осудаҳолона тавонад зиндагӣ намояд.

Хушбахтона, ин орзуи онҳо ҷомаи амал пӯшид. Ба ҳар ҳол паёмадҳои ногуворе барои аксарият ин ҷанг аз худ боқӣ гузошт. Модарону падароне буданд, ки то охири умр ҷигарбандҳои худро интизор шуданд, фарзандоне ҳам кам набуданд, ки роҳи падарро интизор шуданд ва таъми ятимиро чашиданд.

Ғолибони ин рӯзҳо, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС он даврҳо адои хизмати ҳарбӣ намудаву ба Ватан бо сари баланд баргаштанд, то охири умр дар вохӯриҳо ширкат намуда, нақлҳо аз ҳаёти ибратбахши сарбозии худ менамуданд.

Имрӯзҳо аз он нафарони шарафманд Халифа Одинаев бо мо зиндагии бофароғат ва ифтихормандона дорад. Арҷгузорона ба ин фард, ки мояи ифтихори мастчоҳиён мебошад, умри дарозу бобаракат орзу намуда, дар шахсияти ӯ тамоми ҳамяроқонаш, нафарони ҷонфидо ва ғаюру матиниродаро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният менамоем.

Чу Саъдӣ пир гардед, кам набинед,

Чу Ҳофиз шод бошед, ғам набинед.

Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошед,

Чу Сино дар дилу дар дида бошед.