НАҚШАИ ДАЪВАТ ПУРРА ИҶРО ШУД

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-ро пеш аз муҳлат пурра иҷро кард. Бино ба иттилои расида ба ҳолати 8-уми майи соли 2023 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳориро пеш аз муҳлат ва дар миёни 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дуюмин шуда, ба анҷом расонид. Нақшаи даъват аз ҳисоби ҷавонони ғаюр, бо нангу номус ва ватандӯсти Кӯҳистони Мастчоҳ пеш аз муҳлат ва бо сарбаландӣ иҷро гардид.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамасола дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешсафиро аз даст надода, нақшаро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад. Ҳамасола дар кишвари азизамон Тоҷикистон ду маротиба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад. Солҳои охир бахусус тайи се даъвати гузашта ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расонидааст.