АЁДАТИ ҚАҲРАМОН
Ҳамасола санаи 9-уми май дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун доир гардида, инчунин иштирокчиёни ин ҷанг қадрдонӣ ва хотираи қурбониёни ин ҳаводис гиромӣ дошта мешавад.
Субҳи имрӯз дар рӯзи таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳотам Аҳмадзода иштирокчии ҶБВ Халифа Одинаевро дар манзилаш аёдат намуд. Номбурда Бобои Халифаро ба муносибати 78-уми солгарди Ғалаба дар ҶБВ табрик намуда, ба ӯ тӯҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дастрас кард.
Ҳавои кӯҳистон субҳи имрӯз софу беғубор буд, талу теппаҳои сабзу хуррам атрофро басо назаррабо гардонида буданд. Манзили бобои Халифа дар деҳаи Эсизи Поён, канори рӯди пуртуғёни Зарафшон ҷойгир мебошад. Дар ин рӯз бобои Халифа дар саҳни хонаи хеш, дар ҳалқаи пайвандон бо рӯҳияи идона хотироти он ҷангро нақл мекард. Симои атроф сабзпӯш, зебову дилрабо буда, садои марғуладори рӯди Зарафшон гӯё ба фазои идона ва канори ҳам омаданҳоро сафо мебахшид.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ пас аз супоридани туҳфаи идона даме дар канори ин марди рӯзгордида дар фазои боз нишаста, суҳбат оростанд. Бобои Халифа, ки 98-сола мебошад, бо вуҷуди солхӯрдагӣ хотироти ҷангро шевову мураттаб варақгардон кард. Зимни суҳбат ӯ гуфт, ки дар синни 17-солагӣ ба сафи Артиши Шӯравӣ ин ҳам дар замони ҷанг ҷалб шуда будам. Нахуст дар Белорус дар набардҳои шадиди ҷанг иштирок кардам. Дар рафти ҷанг ду маротиба захм бардошта, баъди табобат боз ба сафи ҷанг баргашта, то рӯзи Ғалаба дар миёни обу оташи ҷанг то Кёнсберги давлати Олмон рафтаам. Он рӯзҳо фаромӯш намешаванд. Ҳамсолони ман тақрибан ҳамаашон вафот кардаанд, рӯҳашон шоду ёдашон гиромӣ бод, гуфт бо афсӯсу дареғ номбурда.
Ҳамчунин оиди рӯзҳои сахту тоқатфарсои замони ҷанг қиссаҳо карда, таъкид дошт, ки бояд ҳар кас дар дил меҳру муҳаббати Модар-Ватанро дошта бошад. Мо бояд шукри даврони соҳибистиқлоли мамлакат кунем ва шукри ин сулҳу осоиштагиро намоем гуфт Одинаев Халифа. Дар фарҷоми суҳбат бобои Халифа доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ, инчунин дастгириҳои ҳамарӯза нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори сипос намуда, барои фардои дурахшони Тоҷикистони биҳиштосо дуои нек намуд.
Халифа Одинаев соли 1925 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар синни 17-солагӣ ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 иштирок карда, то рӯзи Ғалаба дар набардҳои ин ҷанги хонумонсӯз дар канори ҳомиёни Ватан ҷангидааст. Пас аз ғалаба ба зодгоҳаш бармегардад. Як муддат дар замони муҳоҷирати дохилӣ дар дашти Дилварзин ба сар мебарад, вале соли 1990 ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омада, айни ҳол 98 сол умр дошта, дар диёри аҷдодии хеш дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Саидвоҳиди Қосим