ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!

0
1

Номаи табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

Ҳамдиёрони азиз!

Собиқадорони ҷангу меҳнат!

Афсарону сарбозони шуҷоъ!

Санаи 9-уми май ба пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду ҳашт сол пур мешавад. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Иди ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла, халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Доманаи ин ҷанги даҳшатнок ба 40 давлати дунё паҳн гашта, 72 давлати хурду бузург дар муҳорибаҳои ҷанг иштирок намуданд.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеъонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин, вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.

Ин аст, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра аз ҷумла, Тоҷикистони соҳибистиқлоламон даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корнамоии мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор тоҷикистониёни далеру ҷасури мо низ баҳри дифои Ватан сафарбар шуда буданд, ки беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Аз байни онҳо 54 нафар фарзандони Тоҷикистон ба унвони баланд–Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 58 ҳазор нафар ҷанговари тоҷик дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ордену медалҳо мукофотонида шуданд ва 15 нафари онҳо бо се ордени дараҷаи «Шараф» сарфароз гардонида шуданд, ки ин баробари унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш–фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад».

Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд. Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси кишварамон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизу маҳбубамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кӯмак ва чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки насли ҷавони ҳомиёни Ватан ба камол расида, марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худро содиқона ва бо шуҷоату мардонагӣ ҳимоя мекунанд. Бояд қайд намуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо барои ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ, шарафи Тоҷикистони азиз ва таҳкими амнияти ҷомеаву давлат омодаанд.

Сабабҳои ҷанги дуюми ҷаҳон имрӯзҳо ҳам барои сокинони сайёра хеле муҳим буда, моро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, манфиатҳои миллатро аз манфиятҳои шахсию гурӯҳӣ боло дониста, Истиқлолияти давлатӣ ва Ватани маҳбубамонро бештар дӯст дошта, онро ҳимоя намоем.

Боварӣ дорам, ки сарбозону афсарони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар–Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони кишвар–Истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.

Бори дигар ҳамаи шумо, собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон, инчунин тамоми сокинони ноҳияро ба 78-умин солгарди Ғалаба самимона табрик гуфта, ба шумо пеш аз ҳама осмони соф, зиндагии шоиста ва дар амалӣ намудани сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлоламон барору комёбӣ орзу менамоям.

Иди Зафар муборак, ҳамдиёрони азиз!