ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Солҳои 1941–1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бар зидди таҷовузи Олмони фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд.
Ватан! Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғӯши чу ҳар як каҳрамонат.
Биомӯзам ҳамеша каҳрамонӣ,
Зи ҳар як қаҳрамони ҷовидонат.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани ИҶШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бонангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушӯнҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавонои мардум рӯҳи «шикастнопазир»-и душманро шикаст. Санаи 8-уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт.
9-уми май Рӯзи Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон, фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ ва талаботи ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27-уми ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми тирандозӣ ва 88-у 99-уми бригадаҳои тирандозӣ ташкил ёфта буданд. Баталёни инженерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ–шаҳри Берлин рафта расида буданд.
Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шудааст.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан–Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳарсе дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасониданд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озуқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металлҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизоти гуногуни таъйиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Советӣ фиристода мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд. Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.
Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.