ТӮҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТРАС ШУД

Ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Халифа Одинаев туҳфаи идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

Санаи 3-юми майи соли 2023 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Халифа Одинаевро аёдат намуданд. Зимни аёдат номбурдагон иштирокчии ҷанг бобои Халифаро ба муносибати 78-умин солагрди ғалаба дар ҶБВ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода самимона табрик намуда, туҳфаи идонаи Роҳбари давлат ва Раиси вилоятро ба ӯ тақдим намуданд.

Ҳангоми аёдат намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бобои Халифа сӯҳбати самимӣ анҷом дода, корнамоӣ ва шуҷоату мардонагии ин марди солхӯрдаро дар роҳи ҳимояи Ватан намунаи ибрат барои насли наврас хонда, таъкид кард, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, махсусан дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо тӯҳфаҳои хоси Роҳбари давлат бо нишони қадршиносӣ аз кору пайкори собиқадорони ҷангу меҳнат дастрас карда мешавад.

Бобои Халифа аз дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз дуои нек кард.

Халифа Одинаев 98 сол умр дошта, аз охирон иштирокчии ҶБВ-и дар водии Зарафшон мебошад. Номбурда соли 1925 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Пас аз ғалаба дар ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 ба зодгоҳаш бармегардад. Як муддат дар замони муҳоҷирати дохилӣ дар дашти Дилварзин ба сар мебарад, вале соли 1990 дубора ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омада, то кунун дар ин макони аҷдодӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

«Паёми кӯҳистон»