Ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия

0
8

Санаи 2-юми майи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, кормандони шуъба ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Чорабиниро муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Рустамбек Абдуллоев ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин барои иштирок дар ин чорабинӣ арзи сипос намуд. Номбурда иброз дошт, ки мақсаду мароми милитсия пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо ва ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад. Сипас ёрдамчии ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майор Шарифзода Хушбахт Шариф оид ба фаъолияти шӯро сухан ронда, иброз дошт, ки барномаи ислоҳоти милитсия  соли 2013 ба имзо расида, марҳилаи аввали он аз соли 2014 то соли 2020 амалӣ гашта, марҳилаи дуюми он аз соли 2021 то соли 2025 амал мекунад.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯза фаъолияти дастаҷамъонаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шарикони иҷтимоиро дар раванди ислоҳоти милитсия натиҷагирӣ намуда, баҳри татбиқи самтҳои ислоҳоти милитсия дар ҳамбастагӣ тамоми имконияту воситаҳоро амалӣ гардонид. Зеро наздик кардани милитсия бо аҳолӣ, афзоиши эътимоди шаҳрвандон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи корманди милитсия байни мардум яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.

Дар идомаи ҷаласа полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ислоҳоти милитсия баромад намуда, иброз дошт, ки давоми фаъолияти барнома 203 бинову иншооти маъмурии милитсия бунёд гардида, 340 бино таъмир ва 59 маркази ҳамкории якҷоя бо милитсия, 7 нуқтаи сайёри милитсия таъсис дода шудааст. Дар ҷаласа иштирокчиён баҳри пешрафт ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ва тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории милитсия вобаста ба шароити маҳал инчунин дигар масъалаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Дар охир аз ҷониби баргузоркунандагони вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки имрӯз барои пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон бояд аз афсари қаторӣ ва ҳамаи масъулини роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро коркард ва роҳандозӣ намуда, бо мардум ҳамкории зич ва устувор намуда, ба эътимоду боварии халқ сазовор гарданд.