Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре иттилоъ дода шуда буд, 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷ.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ — қаториҳо Азимов Ф.Б., Камолов А.Ш., Нозимов М.Б. ва Сайфуллоев Ҳ.Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М.С., қаториҳо Чориев Б.Т., Каримзода З.Р., Амиров Н.Ф. ва Мусоев А.Т.-ро мавриди лату кӯб қарор доданд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2023 нисбати гунаҳгорони номбурда бо дастрасии моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.
25 апрел бошад, нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд.
Тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.