ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

0
24

 Ҳамдиёрони азиз

     Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Дар ин моҳ инсонҳо пеш аз ҳама ғазабро аз худ дур месозанд ва қалбашонро ба мақоми меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезананд ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фазилатҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезкорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки ба азму талоши содиқонаи мардуми шарифи ноҳия раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин диёру ватани азизамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем. Воқеан аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамоянд: «Воқеан додани фитри рӯза, дигар хайроту садоқат ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад».

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифродгароӣ дар кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло бо таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мову Шумо тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусалмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро  аз даст медиҳанд.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ ба эътиқодотӣ дини беандозаанд. Бинобар ин бояд ба қадри сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ватани азизу маҳбубамон расем ва шукрона аз он намоем, ки дар чунин ватани орому осуда зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаем.

Дар охир ба ҳар яки Шумо, сиҳатмандии комил, файзу баракати рӯзгор, ризқу рузии фаровон, ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон Истиқлолият ва Ваҳдати пояндаро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак ҳамдиёрони азиз!