ТӮҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДӮСТРУЯКОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
139

Санаи 17- апрели соли 2023 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубхон,  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда  аз шароити буду бош ва вазъи мактаб-интернати ноҳия дидан намуданд.

Меҳмононро Раиси ноҳия, муовини раиси вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят истиқбол намуда, дар анҷоми сафари корӣ ҳамроҳи намуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода нахуст аз муассисаи таълими мактаб- интернат воқеъ дар  шаҳраки Меҳрон дидан намуданд. Аснои боздид аз шароити буду бош ва таълиму тарбия дар ин боргоҳи маърифат шинос шуданд.

Сипас меҳмонон дар сари дастурхони идона бо дӯструякони ин боргоҳи маърифат дидор ва суҳбати самими анҷом доданд. Муовини сарвазири мамлакат  Сатториён Матлубхон таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳияро ба омад-омади Иди саиди фитр табрик намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми тадбирҳои заруриро рӯи даст гирифтааст. Дар баробари ин ғамхори ба насли наврас ба хусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар маддӣ назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғамхори фаро гирифта мешаванд. Имрӯз мо ба ҳамроҳи ҳайати кории хеш ба Шумо дӯструякон тӯҳфаҳои Пешвои миллатро овардем гуфт мавсуф. Ҳамчунин  таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбия тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст.Дар ин замина вазифаи шумо танҳо бо баҳои хубу аъло хондан мебошад.

Сипас тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз сару либоси мактабию варзишӣ, инчунин шириниҳои идона, дар фазои тантанавӣ ба дӯструякон тақдим карда шуд.  Ҳамчунин муовини сарвазири кишвар Сатториён Матлубхон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони муассиса суҳбат намуда таъкид доштанд,  ки бо истифода аз имконотҳои фароҳамоварда шуда,  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тарбиятгарандагон, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дӯструякони ин боргоҳи маърифат аз чунин дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хушҳол шуда, дар ин замина изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мактаб- интернат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягона буда, аз соли 2008 инҷониб фаъолият мекунад. Аллакай шогирдони ин боргоҳи маърифат пас хатми инҷо дар макотиби олии мамлакат таҳсил кардаву қисме дар идораҳои гуногуни давлати кору  фаъолият бурда истодаанд.

Шароит барои таълиму тарбия ва буду бош дар ин муассиса фароҳам буда, айниҳол 42-нафар хонандагон аз қабили ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Паёми Кӯҳистон