ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ДАР СОХТОРИ ПРОКУРАТУРАИ НОХИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Санаи 14-апрели соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ прокурори нави ноҳия муаррифӣ гардид .
Дар маросими муаррифӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовини прокурори вилояти Суғд Умед Пулодӣ ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Нахуст муовини прокурори вилояти Суғд Умед Пулодӣ прокурори тоза-таъинро муаррифӣ кард. Аз ҷумла гуфт, ки бо фармони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 уми апрели соли 2023 Абдулазимзода Убайдулло Абдулазим иҷрокунандаи вазифаи Прокурори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карда шуд. Дар идомаи суханронияш изҳори умед кард, ки Абдулазимзода Убайдулло бо таҷрибаи андӯхтааш дар ин сохтори қудратӣ минбаъд низ фаъолияти хешро дар ин гӯшаи Кӯҳистони мамлакат аз руи қонун ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссаи худро мегузорад.
Абдулазимзода Убайдулло дар ин вазифа Ҳасанзода Аббосро иваз кард. Ҳасанзода тули панҷ-сол дар ноҳия ба ҳайси Прокурор кор кардааст. Ӯ низ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ намуда иброз дошт,ки дар фаъолияти кориаш дар ноҳия аз рӯириояи қонун амал намуда ба мардуми Кӯҳистон хеле унс гирифтааст ва ҳар куҷо бошад аз кору фаъолият ва риояи қонуну тартиботи мардуми ин гӯшаи Кӯҳистонии кишвар ситоиш мекунад ва муносибати инсондӯстонаи онҳоро қадр мекунад. Дар анҷоми суханаш ба ҳамтои тозатаъйини хеш барору комёбӣ таманно намуд.
Ҳамчунин Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар маҷмӯъ аз фаъолияти сохтори Прокуротура дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ карда, ба Ҳасанзода Аббос бобати фаъолияти пурсамараш дар ноҳия ва ҳисса гузоштан дар рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини волояити қонун миннатдорӣ баён карда, изҳори умед кард, ки Прокурори нав-таъиншуда низ чун ҳамтоёни пешини худ баҳри риояи волоияти қонуну тартибот ҳиссаи худро мегузорад.
Дар охир бо истифода аз фурсат муовини Прокурори вилояти Суғд Умед Пулодӣ доир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳатмии қонунҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, иҷрои саривақтии амру дастурҳои Роҳбарияти Олии мамлакат изҳори назар карда, дар фарҷоми сухан ба ҳамагон сарбаланди ва дар иҷрои масъулиятҳои бадушдоштаашон бурдбориҳо тамано кард.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»