АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРИ КАРДА ШУД
Санаи 14-апрели соли 2023 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми семоҳаи аввали соли 2023 маҷлис доир гардид.
Маҷлис дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулину фаъолони ноҳия сурат гирифт.
Дар оғози маҷлис нахуст муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ба сухан баромада доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ муфассал ҳисобод дод. Дар рафти ироаи ҳисобот доир ба фаъолияти тамоми соҳаҳо дахл карда, аз ҷумла оиди ба даромад ва хароҷоти буҷет чунин маълумот дода шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 1млн 608 ҳазор сомонӣ пешбини гардида, иҷроиши он 1млн 679,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 71,9 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 104,4 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 9 млн 605,3 ҳазор сомони пешбини гардида буд, ки иҷроиши он ба 8 млн 267,1 ҳазор сомони таъмин гардид. Инчунин таъмини нақшаи суғуртаи иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллиро хуб арзёби карда, таъкид карда шуд, ки маблағи қарзи андоз дар ноҳия 175,9 ҳазор сомони буда, ин нишондиҳанда нисбати аввали соли ҷорӣ 2,8 фоиз кам гардидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар раванди рушди соҳибкорӣ корҳои амали рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботи ба 45- нафар соҳибкор, ки аз инҳо 9-нафарашонро занон ташкил медиҳанд аз ҷониби бахши ноҳиявии бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” , барои рушди соҳибкори қарз дода шуд. Маблағи умумии қарзӣ 548-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раванди тамоюли мабалағгузори барои рушди соҳибкори зина ба зина боло рафта истодааст.
Доир ба рушди соҳаи саноат қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботи ҳаҷми истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти саноати 5 млн 576,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар зиёд мебошад. Ҷамъияти дорои масълияташ маҳдуди “Қудрат-2010” дар ин давра 32 ҳазору 60 тонна ангишт ихроҷ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 баробар зиёд мебошад.
Дар идома доир ба нақша-чорабиниҳо ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва дар ин замина рӯи даст гирифтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, доир ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҳисобот дода шуд.
Пас аз ироаи ҳисобот аз ҷониби Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар аз роҳбарони бахшу шуъбаҳои ноҳияви оид ба фаъолияти корияшон дар давоми семоҳи аввали соли 2023 пурсиш ба амал оварда шуд.
Дар охир масъалаҳои ҳарчи зудтар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар, ки санаи 23-марти соли ҷорӣ рух дода ва ҳарчи зудтар бунёди иншоотҳои харобгашта, инчунин оиди иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодабарии самараноки ҳар порча замин ва тибқи дурнамо ба роҳ мондани кишти зироатҳо ба хусус кишти картошка дар ҳудуди ноҳия ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида дар ин замина аз ҷониби раиси ноҳия ва муовини якуми раиси вилояти Суғд ба масъулини дахлдор дастуру вазифагузориҳои мушаххас дода шуд. Саидвоҳиди Қосим