МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БО ДОНИШҶӮЁН

0
99

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ва баргузор намудани суҳбату мулоқот бо донишҷӯн, санаи 13 апрели соли 2023 дар толори “Қасри ҷавонон” ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд мулоқоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Раиси шаҳри Истиқлол бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд баргузор гардид.

Нахуст Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ва Раиси шаҳри Истиқлол  доир ба дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумот дода, иброз намуданд, ки ҳамасола бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи ҳукумати мамлакат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ аз ҷумла соҳаи маориф хело рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ин ҳам бошад дар мисоли ифтитоҳи  муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимиву донишгоҳҳои олӣ дар кишвар мебошад, ки бештари онҳо бо техналогияҳои наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуда барои таълими хонандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода дар идомаи суханронӣ бо донишҷӯён аз дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия, бунёду ба истифода додани се муассисаи таълимӣ бо таъмини таҷҳизотҳои наву замонавӣ дар ноҳиядар соли 2022 ва  дар оянда бунёди муассисаҳоитаълимиву  томактабӣ жар ноҳия, инчунин ҳамасола зиёд шудани шумораи хонандагон дар донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷа ёдоварӣ намуда иброз дошт,ки ҳамасола шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия зиёд гардида ба мутахассисони кордону фаъол шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ ба ҷавонон таъкид намуд, ки бояд имрӯз ҷавонон аз шароитҳои мусоиди фароҳамоварда истифода бурда бо дониши баланд ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи махсус дода ҳамчун  мутахассиси варзида ба ноҳия баргарданду барои ободии диёру зодгоҳи хуб саҳми босазо гузоранд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба пешгирии гаориши ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, иҷро кардани рисолати ҷавонмардии ҳар як шаҳрванд яъне даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баъди хатми донишгоҳ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ва мутахассиси хуб шудани ҷавонон суханронӣ карда шуда аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки худ ва наздиконашонро дар рӯҳияи эҳтироми миллӣ нигоҳ дошта нагузоранд,ки бо рафтори ноҷои худ барои давлату миллат ва оилаи худ доғ оранд.

Дар фарҷоми  мулоқот донишҷӯёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ва шаҳри Истиқлол оид ба мушкилоти роҳ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ, бунёди варзишгоҳҳо дар деҳот ва дигар масъалаҳои ҷорӣ бо саволҳои хеш муроҷиат намуда посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом аз ҷониби раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода  дар вазъияти тантанавӣ донишҷӯёне,ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, инчунин донишҷӯёне,ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд мукофоти яквақтаинаи пулӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем,ки вохӯрии раисони шаҳру навоҳии кишвар бо донишҷӯёни худ дар давоми чанд сол охир ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ мондашуда, расисони шаҳру ноҳияҳо дар доираи он аз вазъи зист ва ҳолати таҳсили донишҷӯёни худ пурсон шуда, ба онҳо кумакҳои як вақтаи пулию моддӣ мерасонанд.

Айни замон дар донишгоҳҳои вилояти Суғд аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш  аз 170  нафар донишҷӯён дар бахшҳои гуногун  таҳсил намуда истодаанд, ки зиёда аз 40 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.