ВОРИДОТИ 14-ТОННА ТУХМИ КАРТОШКАИ НАВЪИ » БИГ-РОССА» БА КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи 7 уми апрели соли 2023 дар доираи “Барномаи Рушди Деҳот II”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, консорсиуми Фонди тоҷикистонии Оғохон 14 -тонна тухми картошкаи хушсифати навъи «Биг росса»-ро, ки аз давлати Олмон ворид шудааст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас намуд. Бояд гуфт, ки қабл аз тақсимоти тухмии картошка гурӯҳе ба омӯзиш дар мавзӯи “Технологияи парвариши ва нигоҳдории картошкаи тухмӣ” фаро гирифта шуда буд, ки аз инҳо барнома гурӯҳҳои истеҳсоли ном мебарад. Миқдори картошкаи воридшуда нахуст ба қисме аз гурӯҳҳои истеҳсолӣ, ки аз тарафи барнома ташкил ва омӯзиш дидаанд, тақсим карда шуд. Ҳамчунин имрӯзҳо, ки корҳои саҳроӣ шурӯъ шудааст, оиди тайёрии пеш аз кишти картошка машваратҳо ё корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шуда истодааст. Тибқи иттилои масъулони «Барномаи рушди деҳот- ||» — Картошкаи «Биг росса» таъми хуб дошта ба иқлими водии Зарафшон мутобиқ мебошад. Ин навъи тухмӣ аз 1 гектар замин то 85 тонна ҳосил медиҳад. Барнома ва шарикони амаликунандаи он нақша доранд тариқи гурӯҳҳои истеҳсолии омӯзишдида ин навъи тухми картошкаи хушсифатро парвариш ва дар оянда ба дигар гурӯҳҳои истеҳсоли ва хоҷагиҳои деҳқонӣ паҳн намоянд. Аз ҷониби барнома тули 5-сол ҷиҳати парвариши хуби картошка, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳашаротҳои зараррасон ва дигар касалиҳои зиёновар ба зироат, тарзи дурусти парвариш ва нигоҳдории картошка, миёни гурӯҳҳои истеҳсоли амалан корбари карда мешавад. Бояд қайд кард, ки иқлими Кӯҳистони Мастчоҳ барои истеҳсол ва парвариш картошка бисёр муносиб буда, ин ноҳия бо парвариши ин навъи зироат дар сатҳи ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Инчунин картошкаи истеҳсоли Кӯҳистон дар бозори кишвар низ харидорони бештар дорад. Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди деҳот-||», ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва тавассути шарикони рушд амали карда мешавад , самтҳои гуногуни фаъолият дошта давоми 5-сол дар водии Зарафшон аз ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ дар самти ҳифзи ҷангалзорҳо ва бунёди ҷангалзори нав, инчунин бунёди боғҳои интенсивӣ, дастрас намудани навъи тухмии хушсифати картошка, бунёди ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба ғизо санитария ва гигиена, бунёди гармхонаҳо ва коркард ҷиҳати баланд бардоштани ғизои солим корбарӣ карда дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии мардуми деҳот саҳми худро мегузорад. Ҳанӯз соли 2018 тавассути барнома ин навъи тухми картошка яъне «Биг- росса» ба ноҳияи ворид гардида буд. Ба деҳқонон маълум аст, ки ин навъи картошка ба иқлими Кӯҳистон тобовар ва серҳосил мебошад. Умед аст дар доираи фаъолияти ин барнома ва шарикони амаликунандаи он ин навъи тухми картошка ба ҳамагон марҳила ба марҳила дастрас ва дар оянда муҷиби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли барзиёди картошка дар Кӯҳистони Мастчоҳ мешавад.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»