КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲАМДИЁРОН —

-Ноҳияи Мастчоҳ барои оилаҳои аз зилзила зарардидаи Кӯҳистони Мастчоҳ боз кӯмак фиристод

Санаи 4уми апрел  кӯмакҳои навбатии ноҳияи Мастчоҳ иборат аз масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла 20 кубометр чӯбу тахта ва 200- адад шифер барои оилаҳои аз зилзила зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас карда шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барасари зилзилае, ки шоми 23-март қаламрави Тоҷикистонро такон дод дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ харобӣ ба бор овард. Дар натиҷа қисман хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати Лангари ноҳия зарардиданд. Пас аз  ин фалокати табии тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон билофосила Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила кор дар минтақаи зарардида шурӯъ шуд.

Дар баробари ин дигар шаҳру навоҳии вилоят дар рӯзи мушкил канори мардуми Кӯҳистон истода, ба хотири ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои зилзила ва дастгирии зарардидагон дар ин рузи сахт, маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонии гуногун дастрас карданд.

Дар навбати аввали расонидани кӯмакҳо ба осебдидагон мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ ва мардуми сарбаланди он маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аз 18-тонна бор ба кӯҳистон ба диёри бобои хеш фиритода буданд. Ин бор низ ба хотири рафоқат ва садоқат ба диёри бобоӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳамдиёрон боз масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд. Ин амал нишонаи он аст, ки мардуми сарбаланди Мастчоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия, ба диёри бобоии хеш ва пайвандони онҳо ҳамеша эҳтиром мегузоранд ва дар  ҳар вазъият дар канори ҳамдиёрон буда, дастёру-мададгор мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва мардуми меҳнатқарину сарбаланди  ноҳия ин амал ё худ кӯмакҳои пайвастаи ҳамдиёрони худро бо самимият ва ихлосу эҳтироми хоса қадрдонӣ карда, ба ҳамдиёрон, мардуми сарбаланду боғайрат ва боҳиммати ноҳияи Мастчоҳ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кулли ҳамдиёрони бо ҳиммат, сидқан сипосгузори менамоянд.