Субҳи 2-апрели 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шудаанд, барои адои қарзи фарзанди дар назди Модар— Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Тантанаи гусели наваскарон дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд. Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло дар рафти гусели ҷавонон суханронӣ намуда хизмат ба Ватан-модарро ҳамчун мактаби мардонагӣ ёдовари карда иброз дошт, ки ки хизматжар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва обутобӣ ҷисмонӣ буда, барои ҳар як ҷавон лозим аст, ки ин рисолати ҷавонмардии худро адо намояд.Инчунин барои пешбурди идомаи ҳаёт сабақ омӯзад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки иқтидори давлатдори ва мудофиаи дилхоҳ кишвар маҳз аз нерӯҳои мусаллаҳи он вобастагӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин рукни пойдории давлатдориро хуб дарк карда сол аз сол барои пуриқтидор кардани Артиши миллӣ талош карда ҷиҳати шароити арзандаи будубоши хизматчиёни ҳарбӣ корҳои назаррасе ба анҷом расида истодааст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолати хеш ки ҳифзи ватан ва ҳимояи давлат мебошад хуб буда, дар ин замина барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат шароити арзанда муҳайё гардидааст гуфт мавсуф.
Дар фарҷоми суҳбат Раиси ноҳия аз ҳамаи ҷавонон ва падару модароне ки фарзанди хешро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудаанд изҳори сипос намуда, ба ҳар як даъватшаванда, ки ихтиёран ба даъвати баҳорона ҳозир шуда сазовори номи сарбоз гардидаанд бо нишони қадршиносӣ ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим кард.