КӮМАКИ ДӮСТОНАИ ШАҲРИ БӮСТОН БА НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ДАСТРАС ГАРДИД
30 марти соли 2023 бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кӯмакҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас гардид.
Кӯмакҳо тариқи нақлиёти пурбор аз қабили масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумлаи 60 куб чӯбу тахта буда, барои сокинони аз зилзила зарардидаи ноҳияи мазкур супорида шуданд.
Кӯмакҳоро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Достон Диловарзода ва мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия ба роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳотамбек Аҳмадов супориданд.