ЁРИИ САФОРАТИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

28-марти соли 2023 дар доираи Лоиҳаи тақдими кумакҳои таъҷилӣ ба осебдидагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагони зилзилаи дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ёрии моддӣ дасрас  намуд.

Дирӯз ёриҳои моддии Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мамлакат ба осебдидагони ноҳия се мошин бор аз ҷумла ба ҳар оилаи зарардида бухорӣ (печ), болопушӣ пашми ( адёл), ва ангишт тақдим намуд.

Баробари расидани кӯмакҳо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омад. Дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Меҳрон сафири Арабистони Саудӣ бо масъулин ва сокинони ноҳия дидори сарироҳӣ кард. Ҳангоми вохӯри номбурда робитаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Арабистон ҳасана арзёбӣ карда, гуфт, ки мо тасмим гирифтем дар радифи робита ва ҳамкориҳои судманди ду кишвари дуст дар доираи Лоиҳаи тақдими кумакҳои таъҷилӣ ба осебдидагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии худро ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расонем.

Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба намояндаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати дар ин рӯзи мушкил дасти ёри дароз кардан ба зарардидагони заминларзаи харобиовари охир дар ноҳия, изҳори сипос намуданд, ҳамчунин дар ин замина сокинон ва бошандагони ноҳия, ҷиҳати расонидани ёрии моддӣ ба зарардидагон, инчунин бобати боз ҳам густариши робитаҳои нек ва ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст ва барои солимии тандурустии Роҳбарони оқили ҳарду мамлакат дуъои нек намуданд.