ТАҚСИМОТИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ БА АҲОЛИИ ЗАРАРДИДА ШУРӮЪ ШУД
Санаи 28-марти соли 2023 дар деҳаи Палдораки ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба оилаҳои зарардида аз офати табии масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла семент дода шуд.
Тибқи иттилои расида дар рӯзи аввали тақсимоти масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони заминларзаи харобиовар ба 41-нафар оилаҳои зарардидаи деҳаи Палдорак масолеҳи сохтмонӣ семент дастрас карда шуд. Мардум низ дар ин радиф ба ҳашар баромада баҳри таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои харобгашта дастбакор шудаанд.
Бояд гуфт, ки баҳри муайян намудани оқибатҳои зилзила дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта давоми чандрӯз фаъолият кард.
Дирӯз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо такя ба хулосаи гурӯҳи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки дар зиминларзаи рӯзи 23 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 ҳолати зарар ба хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Палдорак, Ярм, Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давраи мушкил тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯз таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила таъсис дода шуд. Ҳамчунин тибқи вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳайати комиссияи вилояти низ дар ҷойи ҳодиса то кунун кор карда истодааст.
Ҳамчунин дар ин радиф шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, шаҳри Панҷакент, ноҳия Мастчоҳ, ноҳияи Шаҳристон, шаҳри Истаравшан дар рӯзҳои мушкил иқдоми хайрхоҳона пеша карда ба мардуми зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмак аз қабили маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас намуданд.
Аз рӯи нақша қарор аст масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока, давоми ҳафтаи ҷорӣ ба зарардидагони дигар рустоҳои ноҳия расонида шавад.