ҲАЙАТИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ АЗ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОЗДИД НАМУДАНД

0
10

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой субҳи содиқи дирӯз ҳайати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар раъси раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода озими минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шуданд.

Онҳоро дар деҳаи Палдораки ноҳия, ки аз заминҷунбӣ хисороти бештар дидааст, раиси ноҳия Бобозода Хайрулло Бобо, аъзоёни ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии бартараф намудани оқибати офати табиӣ, сокинони ноҳия бо хушнудӣ пазироӣ карданд ва барои боздид ва расонидани кӯмак изҳори сипос намуданд.

Зимнан, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент чун ифодаи дӯстию бародарӣ ва ҳамдилӣ барои зиёндидагони заминларза ба ноҳия 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хурока дастрас намуд.

Раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки ба он кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, собиқадорон, соҳибкорон ва занони фаъол шомил буданд, аз манзилҳои зиёндида боздид карда, бо сокинони деҳа ва ҳашарчиёни ҷалбшуда сӯҳбат намуданд. Зикр шуд, ки дар чунин лаҳзаҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат Ҳукумати мамлакат, ҳама ҳамватанон барои дастгирию ёрӣ ва бартараф кардани оқибати офат паҳлӯи онҳо ҳастанд ва дар кӯтоҳтарин фурсат манзил ва дигар биноҳои ёрирасони харобшуда барқарор хоҳанд шуд. Ба ин амали нек ва инсондӯстона дар ҳама мавридҳои зиёни офати табиӣ дар ҳар минтақаи мамлакат борҳо шоҳид шудаем. Изҳор шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр минбаъд низ барои бартараф намудани оқибати заминларза ба онҳо дасти мадад дароз мекунанд.

Ҳоло дар деҳаи Палдорак барои сокинони манзилашон осебдида хаймаҳо устувор карда, онҳо бо ҳама маводи зарурӣ таъмин шудаанд. Бартараф кардани оқибати офат идома дорад.