ПАНҶАКЕНТ БА ЗАРАРДИДАГОНИ КӮҲИСТОН ЁРИИ ХУДРО РАСОНИД

0
3

Санаи  25-марти соли 2023 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мардуми ин шаҳри бостонӣ ба сокинони зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади бунёд ва барқарорсозии иншоотҳои харобгаштаи сокинон аз офати табии масолеҳи сохтмонӣ аз қабили семент дастрас гардид. Қарор аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин шаҳри бостони боз миқдори дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шавад.

Дар натиҷаи зилзилаи шоми 23- марти чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати Лангар ноҳия хисорот диданд. Аз ҷумла оғилхона иншооти ёрирасон ва қисман хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд.

Ин кӯмаки мардум ва мақомоти шаҳри бостонии Панҷакент саривақтӣ ва шоистаи таҳсин мебошад. Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ин ёрии моддӣ ва ҳамшарикии бошандагони шаҳри бостонии Панҷакентро дар ин рӯзҳои мушкил қадрдонии амиқ, дӯстӣю рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ маънидод намуда, дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва кулли сокинону бошандагони ноҳия барои чунин кӯмаку дастгирӣ дар ин рӯзи мушкил ба мардуми сарбаланди бостонии Панҷакент ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент миннатдории самимӣ изҳор менамоянд.