—Ноҳияи Айнӣ ба зарардидагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз заминларза маводи хӯрока дастрас кард.
Санаи 24-марти соли 2023 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мақсади кӯмак ва дастгирии аҳолии зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз заминларза, маводи хӯрока аз ҷумла 1-тонна орд, биринҷ 2-тонна, сабзӣ 1-тонна, пиёз 1-тонна, гӯшт 100-килограм, равған 500-литр ва дигар ашёи зарурӣ дастрас карда шуданд.
Ҳангоми супоридани маводҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иброз доштанд, ки дар ҳама ҳолат ҳамчун ноҳия ҳамсоя дар канори мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ буда, дар ин масир мувофиқи имкон пайваста кӯмаку дастгири менамоянд.
Дар воқеъ ноҳияи Айнӣ ҳамсоя ва ҳамҷавори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, бевосита пас аз як рӯзи заминларзаи харобиовар дар чанде аз деҳаҳои ноҳия, кумакҳои худро ба зарардидагони расониданд. Ин Шаҳодати онаст, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҳолат ғамхору ғамшарик ва дар шоду ғам дастёри ҳам будаанд.
Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сокинони деҳаҳои осебдида аз заминларзаи шоми 23-марти соли ҷорӣ ба вуқуъ омада, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва кулли сокинону бошандагони ин ноҳияи ҳамсоя барои кӯмак ва дастгирӣ дар ин рӯзҳои мушкил сидқан сипосгузори менамоянд.