СОКИНОН НИЗ ҶИҲАТИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИИ ДАСТБАКОР ШУДААНД
Ба ҳамагон маълум аст, ки шоми 23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин заминларза чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати Лангар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумла Ярм, Палдорак, Пакшиф, Дашти миёна ва Деҳманора осеб диданд. Асосан дар зилзила оғилхона ва қисман хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд. Тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табии дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамарӯза корбарӣ карда истодаанд.
Дар баробари ин сокинони дигар рустоҳои ноҳия дар канор набуда ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои зилзила дар деҳаҳои зарардида дастбакор шудаанд.
Субҳи имрӯз ( 25.03.2023) гурӯҳе аз сокинон ва бошандагони дурдастарин деҳаҳои ноҳия, Деҳҳавз ва Деҳисор ба рустои зарардида аз офати табии омаданд. Ин гурӯҳ дасту остин бар зада ҷойҳои хароб гашта аз ҷумла оғилхона ва иншоотҳои ёрирасони деҳаи Палдоракро бартараф намуда истодаанд.
Чунин иқдоми сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қобили ситоиш буда, умедаст сокинони дигар рустоҳои ноҳия ин икдомро низ пеша менамоянд.