КӮМАКИ МАРДУМИ МАСТЧОҲ БА ОСЕБДИДАГОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА РОҲ БАРОМАД
Бо ташаббуси раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва ҷонибдориву дастгирии амалии фаъолони ноҳия дар як муддати кӯтоҳ барои сокинони аз зилзила осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмаки яквақта ҷамъоварӣ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ корвони кӯмаки сокинони ноҳия бештар аз 18 тонна маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, шифер ва маҳсулоти ниёзи аввал чун биринҷ, равған, макарон, сабзиву пиёзро дар бар гирифтааст.
Субҳи 25 март корвони кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба роҳ баромад, ки онро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳӣ намуда, ба ситоди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас мекунанд.
Заминларзае, ки шаби 22 ба 23 марти соли ҷорӣ ба амал омад, боиси ба таври ҷиддӣ осеб дидани хонаҳои истиқоматӣ ва фурӯ рафтани дигар иншооти ёрирасони якчанд деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ шуд. Бояд гуфт, ки бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои муайян намудани хисорот ва дастгирии моддиву маънавии сокинони зарардида комиссияи махсус таъсис ёфтааст.
Рустам САЛИМЗОДА,
мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ