Кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зарардидагони заминларзаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо супориши Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода 24-ми март кумаки башардӯстона иборат аз 1-тонна орд, биринҷ 2-тонна, сабзӣ 1-тонна, пиёз 1-тонна, гӯшт 100-килограм, равған 500-литр ва дигар ашёи зарурӣ ба мардуми аз заминларза зарардидаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дастрас карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ, ки аввалин ва ягона ҳамсояи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мебошанд дар ин лаҳзаҳои басе душвор дар канори мардуми зарардидаи ин диёри номдори куҳистонӣ мебошанд ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мутасаддиён зим

ни дидорбинӣ бо мардуми зарардидаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ғамшарикии мардуми ноҳияи Айниро расонида, иброз доштанд, ки халқи бузурги мо аз таърих то имрӯз тамоми сахтиҳову мушкилиҳои вазнини зиндагиро сарбаландона пушти сар намудаанд ва ин офатро ҳам паи мушкилоти дигар мегузаронанд. Муҳим он аст, ки мо бояд ҳамеша зери сояи Ваҳдати миллӣ ва ягонагии давлату миллат якдилу яктан ва якрӯ бошем.