Наврӯз — ҷашни ҳамдиливу таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ, ваҳдату баҳамоӣ ва эҳёи анъанаҳои куҳан мебошад.

НОМАИ ТАБРИКИИ  РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

 

Ҳамдиёрони азиз!

   Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия самимона шодбош  гуфта, пеш аз ҳама ба ҳар яки Шумо сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ, ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.

Ифтихори мо ҳаст, ки ҷашни Наврӯз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин оини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз,  таърихи беш аз шаш ҳазорсоларо дар бар мегирад,  ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими киштукор,  ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин ҷашни Наврӯз барои мо-тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳуввиятсоз, яъне аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу суббот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асилии  фарҳангӣ ҳаргиз кӯҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъкид намуданд, ки: “Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст”.

Ин ҷашни азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро ҳар яки мо бо хушнудиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормони худро ба Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонем.

Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, маҷмӯае аз андухтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рушноӣ, некиву накӯкорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.

Гузашта аз ин талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ фатҳу шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостонро ба маротиб афзуд.

Рамзи нахустини оини Наврӯз нур ва равшании офтоб буда, аз дурахши он гулбаргҳои лола шукуфон мегардад, дар даврони мо онро «Гули сурх» меноманд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳилаи пайгиронаи бунёдкориву созандагиҳо баҳори шукӯфоии ғунчаҳо ва айёми ҳосил фаро мерасад.

Бори дигар фарорасии ҷашни Наврӯзи Аҷамро ба тамоми мардуми сарбаланди ноҳия самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия хайру баракат, оромиву осӯдагӣ, сулҳу субботи   комил, файзу баракати рӯзгорро орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ муборак!