Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Иди Модарон

0
19

МОДАР – САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Иди Модарон 

                               Ҳамдиёрони азиз!

                              Модарон ва хоҳарони арҷманд!

 

    Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд ҳамаи шуморо ба муносибати рӯзи Модар ва айёми истиқболӣ Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, пеш аз ҳама саломативу хотирҷамъӣ, хушбахтиву рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осӯда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Миллати соҳибфарҳангу таммадунсози тоҷик дар тули асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонадорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони меҳрубон барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд. Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони ба одобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми занону бонувони мо барои эҳё намудан ва тараққи додани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои кори барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад. Бо амали гардидани чунин иқдом ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Иқдомҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва бонувони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Нақши бонувону занон дар эъморӣ ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хело муҳим мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Занону модарон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.

Аз ҳастии пайкари бузурги модар қалби инсоният қуввату мадор мегираду меҳру муҳаббати беканораш гармӣ мебахшад. Модарон пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд. Модарон қуввати диланд, ҳар як тапиши қалби эшон барои мо рӯҳу равон, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.

Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу Ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост.    Ба шарофати модарон зиндагӣ дар ҷаҳон пойдор аст.

Модар на танҳо азизтарин шахс, балки ҳастии ӯ ба ҳар яки  мо нерӯву қуввати тоза мебахшад. Ҳамин нуқтаро дар бораи мақому манзалати зан-Модар Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон низ таъкид доштаанд. Аз ин рӯ, занон дар пешрафти ҷомеа рушду нӯмуи миллат дар баробари мардон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ниҳоди модарон мисоли насими рӯҳбахши баҳорон асту онҳоро азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарват донистаанд, зеро бахшандаи ҳаёт ҳастанду офарандаи инсоният, яъне модарон мисоли муҷдаи баҳоранд, ки ҳамеша меофаранд ва эъҷозгару зебоиофаранд, бинобар ин бузургони каломи бадеъ ҳастии модаронро ба баҳор, ба хуршед шабеҳ додаанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти зиндагӣ ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

Модарону хоҳарони азиз:

Моҳи март бо ҷашни Шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон, идома меёбад. Ин айём беҳтарин рузҳое мебошад, ки Шумо либосҳои зебои миллии тоҷикӣ аз ҷумла чакан, атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонед, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шавед ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш диҳед.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз олимону донишмандони бузург сар карда тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд. Мо дар асри 21 – ум замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндаги дорем. Аз ин лиҳоз бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шарафи занону духтаронро баланд бардорем, ба онҳо бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Бонувону хоҳарони мову Шумо таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, пешрафту ободии диёри маҳбубамон чун омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, коршиносу соҳибкор саҳми арзишманди худро гузоштанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли бонувони ноҳияро ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта саодатмандӣ  бахту иқболи нек орзу менамоям.

Модарони азиз, насли башар ҳамеша дар симои шумо ғамхориву меҳрубонӣ, хайрхоҳиву  малҳами дардҳо, додраси розҳои ниҳон, оромбахшу рӯҳафзо, дилписанду хушкалом, хушрафтор, боҳиммат ва боиффатро таҷассум менамояд. Бигзор ситораи бахтатон тобону сафобахшандаи ҳаёти умратон дар ҷӯш қалбатон пур аз меҳру муҳаббат бошад модарони азизу ғамхор.

Ҷашни рӯзи Модар муборак ҳамдиёрони азиз!