МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БА ИФТХОРИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Санаи 5-уми марти соли 2023 ба истиқболи Ҷашни  байналмилалии Наврӯз  дар назди муассисаи таълимӣ 3-и деҳаи Мадрушкати  ҷамоати деҳоти «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини «Ҷудо» миёни наврасону ҷавонони ноҳия  баргузор гардид.

Тибқи иттилои Директори Муассисаи давлатии мактаби   варзишии    ноҳия Сафаров Зайниддин- мусобиқаи варзишӣ тибқи супориши Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш    бо ибтикори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини «Ҷудо» доир шуда, он аз рӯи 3- синну сол ва аз вазни 23 то 73кг миёни хонандагон ва варзишгарони муассисаҳои таълимии ноҳия ташкилу гузаронида шуд. Дар оянда низ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ташкили чунин чорабиниҳои варзиширо бештар мекунем иброз дошт номбурда.

Ёдовар мешавем,ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200  нафар дустдорони намуди гӯштини «Ҷудо» аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда  ғолибон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  қадрдонӣ карда шуданд .

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»