Бани одам аъзои якдигаранд

0
43

 Заминларзаи мудҳише,ки санаи 6 феврали соли равон дар давлати Туркия ва ҳамсоякишвараш, Сурия ба 7,3 бал рух дод, боиси ҳисороти калони моливу ҷонӣ ва вайрону валангор шудани ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ гардида дар натиҷа зиёда аз 46 ҳазор одамон ҳалок шуда, инчунин, чандин ҳазори дигар захмию маъюб ва бехонумон монданд. Аз ин ҳодисаи фоҷиабору мудҳиш дар баробари мардуми ин сарзамин аҳли башарро ба таҳлука овард.  Ин фалокати табии мудҳиши аср кулли мардуми ҷаҳонро бетараф намонд. Зиёда аз 80 давлати дунё намояндагони худро ба ёрдами башардӯстона, ба Туркия сафарбар намуданд.

Давлати Тоҷикистон яке аз аввалинҳо буд, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагонашро дар ҳайати 50 нафар ба макони офатзада фиристод. Тавре, яке аз иштирокчии фаъоли гурӯҳи наҷотдиҳандагони  Тоҷикистон Шаҳбоз Аминов нақл мекунад:

-Субҳи 7 феврал, мо кормандони Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода ва Мудофиаи Граҷдании вилояти Суғдро бо бонги изтироб ба корхонаамон даъват намуданд. Сардори кумита ҳолати рӯйдодаро дар Туркия ба ҳозирин гузориш дода, супориши Сарвари давлати Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ташкил ва сафарбаркунии гурӯҳи наҷотдиҳандагонро ба кишвари Туркия баён намуд ва таъкид дошт, ки аз вилояти Суғд бояд 10 нафар вобаста шаванд. Ин албатта дар навбати аввал ихтиёрист. Ин гурӯҳи 10 нафараи вилоят зуд аз худ дарак доданд, ки 4 нафари онҳо зодагони Мастчоҳ буданд. 3 нафар аз Кӯҳистони Мастчоҳ: Аминов Шаҳбоз, Шарифов Беҳзод, Дилшодов Диловар ва нафаре аз Мастчоҳи нав – Сафаров Фазлиддин. Гурӯҳи вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рафта, ба ҳайати 40 нафараи он ҷо ҷамъ буда, шомил шуданд ва санаи 9 феврал ба шаҳри Истамбул парвоз карданд. Субҳи рӯзи 10 феврал аниқтараш соати 3 шаб дар шаҳри Қаҳрамонмараш ба кор саркарданд. Гурӯҳи 50 нафараи Тоҷикистониён тули 11 рӯз дар паҳлуи бародарони турк шабонарӯз корҳои кофтукову наҷотдиҳиро анҷом доданд. 7 рӯз дар шаҳри Қаҳрамонмараш ва 4 рӯз дар шаҳри Ҳатай. Дар ин муддат фиристодагони Тоҷикистон бо ҷасорату матонат ва ҳисси инсондӯсти амал намуда, вазифаашонро поквиҷдонона пеш мебурданд. Наҷотдиҳандагони тоҷик  дар зери харобаҳо 3 нафар, 1 марди 35 сола бо фарзандаш -кӯдаки 6-8 моҳа ва 1 писарбачаи 5 соларо аз зери харобаҳо зинда берун оварданд. Ҳамчунин 217 ҷасадро (бо риояи ҳама қоидаву рукнҳои мазҳабӣ) аз умқи бетонпораву хиштрезаҳо дарёфт намуданд.

-Мардуми таҳҷоя ба мо эҳтирому самимияти хосаашонро ҳамарӯза баён менамуданд – мегӯяд Шаҳбоз Аминов. Зеро мо хеле   эҳтиёткорона ва бо ҳавсала майдони валангори дар ихтиёрамон бударо, кофтуков мекардем. Илова ба ҷасадҳои пайдошуда, ҳар як чизи арзишманд (пул, тилло, ҷавоҳирот) – ро ҳуҷҷат карда, ба намояндаи пулис, ки ҳамроҳи мо буд месупоридем.Фикр мекунам мардуми муқимӣ аз рафтору амал ва натиҷаи кори ҳаррӯзаи кулли наҷотдиҳандагон огоҳ буданд. Аз ин рӯ ҳар кадоме, ки ба мо рубарӯ меомад изҳору сипоси миннатдорӣ менамуд.

Барои истиқомати мо шаҳраки хаймавӣ муҳайё карда буданд. Барои ҳар як давлат алоҳида. Хурду хӯрокамон бошад аз ҳисоби мардуми маҳал буд. Халқи азиятдида бо ҳама ғаму андӯҳаш шукргузор буд-суханашро идома медиҳад Шаҳбоз. Дар кӯчаҳо дегҳои «Оши худоӣ» ташкил карда, 3 вақт чанд намуди хӯрок ва нуқлу анворо пешкаши наҷотдиҳандагон карда буданд.

Президенди Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, ба назди гурӯҳи мо омад. Пас аз ба ҷо овардани арзи эҳтиром миннатдориашро ба муҳтарам Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон ва халқи сулҳпарвару дӯстизамири тоҷик изҳор дошт.

— Дар фурудгоҳӣ Истамбул ҳангоми гусели мо – мегӯяд Беҳзод Шарифов, намояндагони ҳукумати Туркия ва сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо мо мулоқот карда, изҳори сипос намуданд ва ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳи Тоҷикистонро бо нишони сари синагии «Парчами Туркия» ва инъомҳо сарфароз намуданд.

Дар Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода ва Мудофияи граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода гурӯҳи наҷотдиҳандагонро истиқбол намуда, аз номи Сарвари давлат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд. Сарвазири мамлакат  саҳми  иштирокчиёни гурӯҳро дар амали хайру башардӯстонаашон қайд намуда, ҳамагонро аз номи давлати Тоҷикистон қадрдонӣ кард. Аз ҷумла ҳамдиёрони мо: ба Аминов Шаҳбоз медали «Хизмати шоиста» ба Беҳзоду Диловару Фазлиддин бошад рутбаҳои пеш аз муҳлати ҳарбӣ дода шуд. Мо низ ҷавонмардони диёрро бо бозгашти пурсамарашон ба Ватан ва қадршиносӣ шудани заҳматҳояшон муборак мегӯем.

Ин аст нишони ҷавонмардӣ ва хизмати содиқона ба Ватан, ба Модар, ки ба ҳар як даэвати Ватан омода будан ва сайъ кардану саҳм гузоштан ифода меёбад.

Ҳоло ки маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба сафи Артиши Миллӣ, баҳри адои қарзи фарзандию шаҳрвандӣ оғоз шудааст ҷавонон бо ифтихор аз ҳамдиёрони худ, ки нишони ибратанд метавонанд пайрави онҳо бошанд ва баҳри хизмати Модар-Ватан камари ҳимматро ташабускорона мустаҳкам банданд зеро бузурге фармуда:

Ҳар ки далер аст Ватан ҷои ӯст,

Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст.

Абдуҷаббори Шоҳ