ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КӮҲИСТОН

0
11

Санаи 21-уми феврали соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ  Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, Раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Тоҳирҷон Толибзода, комиссари ҳарбии ноҳия Саидализода Фозил, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сарбозон ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Дар оғоз Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло паёми табрикотии хешро ба муносибати 30- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд. Аснои суханронӣ гуфт, ки — Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо душвору таърихи ҳанӯз 30-сол қабл бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар буда, дар тӯли 30 — соли бунёдаш озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва ҳифзи ҳамаи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи 30 сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст гуфт номбурда.

Ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Толибзода Тоҳирҷон паёми табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 30- солгаии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат кард.

Сипас ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ яъне Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси ноҳия чанде роҳбарони сохторҳои қудратӣ, афсарону сарбозон ва афроде ки дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас доранд туҳфа ва мукофотҳои пули тақдим карда шуд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад карда чорабиниро гуворо намуданд.

Саидвоҳиди Қосим