ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР КӮҲИСТОН БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕШАВАД

Санаи 15-феврали соли 2023 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз Маркази саломатии деҳаи Сабағи ҷамоати Лангар дидан кард. Зимни боздид Раиси ноҳия аз вазъи корҳои таъмири маркази саломатии деҳот шинос шуд. Ҳангоми боздид корҳои сохтмониро хуб арзёбӣ карда, ба масъулони Маркази саломатии деҳот дастур дод, ки дар баробари таъмири иншоот, қисмати берунии бино ва саҳни онро бо истифода аз имконият кабудизор ва зебову назаррабо намуда, инчунин дар оянда сифати хизматрасонии тиббиро хубтару беҳтар намоянд.

Бояд гуфт, ки маркази саломатии деҳаи Сабағ аз ҷониби «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» таъмир карда шуда, ба зуди ба таҷҳизотҳои тиббӣ аз ҷониби лоиҳа таъмин шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки корҳо дар ин иншооти тандурустии хуб ба роҳ монда шуда, ба таври замонавӣ таъмир гардидааст. Ба ҳамин минвол аз ҳисоби лоиҳаи мазкур Маркази саломатии деҳаи Роғ ва Пастиғав низ таъмир карда шудаанд.

Дар сӯҳбат ба хабарнигорӣ «Паёми Кӯҳистон» Абдуамон Идиев ҳамаҳангсози Лоиҳаи дар Кӯҳистони Мастчоҳ гуфт, ки — «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар ноҳия то соли 2026 амал карда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва барои инкишофи дурусти кӯдакон кор хоҳад кард. Дар давоми соли 2022 бо дастгирии ин лоиҳа се маркази саломатии деҳот аз ҷумла деҳаҳои Роғ, Сабағ ва Пастиғавро пурра таъмир гардиданд. Айниҳол корҳои таъмири марказҳои саломатӣ дар ҳоли анҷомёбист. Лоиҳа дар 14-ноҳияҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаҳои пешбинишуда кор мекунад.То фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ба се марказҳои саломатии таъмир шуда, аз ҷониби лоиҳа таҷҳизотҳои тиббии муосир дастрас шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Тибқи нақша «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ, Маркази саломатии деҳаи Мадрушкатро таъмир карда, инчунин Маркази саломатии ноҳиявиро дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон иборат аз ду ошёна бунёд менамояд гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ тули панҷ сол аниқтараш то соли 2026 дар 14- ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар вилояти Суғд танҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба лоиҳа шомил мебошад.

Саидвоҳиди Қосим