Баргузории мусобиқаи варзишии Гӯштини милии “Гӯштингирӣ”

0
1

Ба ифтихори мақоми байналмилали гирифтани Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, мусобиқа варзиши дар намуди Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” миёни наврасону ҷавонон дар вазнҳои мухталиф доир карда шуд.

Давоми ҳафтаи гузашта даври минтақавии мусобиқа дар ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳия аз ҷумла дар деҳаҳои Оббурдон, Ревомутк, Деҳманора ба фарогирии ҳамаи варзишгарони деҳоти ноҳия ташкилу гузаронида шуд.

Дар суҳбат ба “Паёми Кӯҳистон” Директори муассисаи давлатии макатаби варзишии ноҳия Сафаров Зайниддин гуфт ки- ба муносибати мақоми байналмилали гирифтани Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” дар ҳудуди ноҳия тибқи нақша мусобиқаи варзиши дар намудани Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ”-ро роҳандози кардем. Шуруъ аз оғози моҳи феврал даври минтақавии онро дар ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳия ташкил ва баргузор намуда истодаем. Ҳамчунин тибқи супориши Роҳбарияти Олии мамлкат дар ин самт чорабиниҳои варзишии зиёде роҳандози шудааст. Мо низ ба мақсади иҷрои амру дастурҳои созандаи Пешвои миллат ба хусус дар заминаи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ нақша-чорабиниҳои мукаммал таҳия карда чорабиниҳои варзиширо дар ҳудуди ноҳия доир намуда истодаем. Аз ҷумла мусобиқаи варзиши дар намуди Гӯштини милии “Гӯштингирӣ” -ро ба ифтихори мақоми ҷаҳони касб кардани Гӯштини миллӣ тибқи нақша роҳандози карда даври минтақавии онро дар ҳудуди ноҳия доир намудем. Даври минтақавии мусобиқа варзишгарон аз руи 4-синну-сол ва вазҳои 23-то 73кг иштирок ва ҳунарнамои намуданд. Тибқи нақша даври ниҳоии мусобиқа дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуда, ғолибон дар арафаи ин ҷашнвораи миллӣ қадрдони карда мешаванд гуфт номбурда.

Бояд гуфт ки мақоми ҷаҳони гирифтани Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” барои мо тоҷикон ба хусус варзишгарон боиси ифтихору сарфарозист. Ин намуди гуштин аз гузаштагони мо мерос мондааст. Дар замони Шӯравӣ як андоза ин гуштини миллии мо мақоми худро аз даст дода буд. Хушбахтона ба ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мо зина ба зина эҳё ва мақоми ҷаҳони касб карда истодаанд. Аз ҷумла бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш ва дастгирии ҷавонон дар мамлкат Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” мақоми ҷаҳони касб кард.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми соли 2022 дар саҳифаи таъирихи варзиши мамлакат дар баробари дигар дастовардҳо руйдоди муҳиму наве ба вуқуъ пайваст ва Гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби вазорати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17-июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Саидвоҳиди Қосим