ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ШУМОРАИ АЪЗОЁН 1,8-ФИСАД ЗИЁД ШУДААСТ

0
25

Санаи  6-феврали соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, котиби Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдуҷаббор Шоев ва дигар аъзоёну фаъолон ширкат доштанд. Пас аз ифтитоҳи ҷаласа котиби Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат, Абдуҷаббор Шоев доир ба фаъолияти Шӯро дар соли 2022 муфассал ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 42- ташкилотҳои ибтидои буда сол аз сол шумораи аъзоёни он бештар шуда истодааст. Дар натиҷаи корбарии самарабахш шумораи аъзоёни Шӯро дар соли 2022 ба 4945 нафар расонида шуда дар ин замина корбари рафта истодааст. Тибқи ҳисоботҳо нисбати солҳои қабл дар давраи ҳисоботи шумораи аъзоён 1,8- фисад зиёдгардидааст.. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки давоми сол Котиби Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия миёни аъзоён мизҳои мудаввар, конфронс ва наздик ба 100- вохуриву мулоқотҳо доир намуда, доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърузаҳо намуда, инчунин беш аз 50- мақолаву матолиби ҷолиб доир ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва аҳамияти сулҳу субот дар мамлакат дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ чоп намудааст. Илова бар ин Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат дар маъракаи сиёсии “Обуна-2023” фаъолона ширкат намуда, обуна ба рӯзномаи “Ваҳдат” ва “Шӯълаи умед”-ро сад-фисад иҷро намудааст.

Пас аз натиҷагири аз фаъолияти Шӯро дар соли 2022, аз ҷониби Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ Бобозода Хайрулло ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани кори Шӯро ва нақшаи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ, барои соли 2023 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

“ПАЁМИ КӮҲИСТОН”