Соли 2022 зиёда аз 25 милион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ дар ноҳия масраф гардид.

0
73

Чунин иброз намуд Раиси Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимни баргузории нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти  натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар  соли 2022

Санаи 31 уми январи соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқнамудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз санаи 26 уми январи соли 2023 оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муасссаҳо   дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст муовинони раиси ноҳия,  мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода  оид ба  фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2022 муфассал ҳисобот дода иброз намуд,ки  соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли хотирмону бобарор буд, зеро дар соли сипаришуда мардуми ноҳия дар фазои орому осӯдаи кишвар бо дастовардҳои шоёни меҳнатиашон ҷашни 31-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи Таърихии 16 уми Шурои Олиро таҷлил намуданд. Дар  соли сипаришуда дар ноҳия даҳҳо иншоотҳои наву замонави дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои муҳими халқ бунёд гардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин иншоотҳои бунёдшуда барои таъмини ҷои корӣ ва шароити хуб фароҳам овардан барои аҳолӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин раиси ноҳия аз нақша-чорабиниҳо барои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда иброз намуд,ки бахшида ба ин санаи муқаддас нақшаи ҷашни иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду нумуъ, пешравию тараққиёт, ободии ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад ба нақша гирифта шуда, барои иҷрои онҳо корбарӣ дар сатҳи маҳал хуб ба роҳ монда шудааст.

Сипас рӯзноманигорон ба раиси ноҳия саволҳо оид ба вазъи роҳҳои ҳудуди ноҳия, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ,  таъмири майдончаҳои варзишӣ, вазъи мактаб- парваришгоҳи ноҳия,  сатҳи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ, ҷаъолияти китобхонаҳо,дастгирии  табақаҳои ниёзманди ҷомеа, рафти иҷроиши нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ, ба роҳ мондани корҳои ободони дар маҳал, ва дигар масъалаҳои мубрам суолҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар поёни нишасти хабарӣ раиси ноҳия аз рӯзноманигорон ва ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар вазъи имруза,  ки ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои фитнаангез бо иғвову дасисаҳои худ ҷавонону наврасонро мехоҳанд фирефта карда ба доми худ кашанд нагузоранд, ки ҷавонони мо гумроҳ гарданд ва бо ҳифзи баланди хештаншиносиву ватандӯстӣ онҳоро тарбият намуда ҳамчунин баҳри ободонии диёру ватани азизамон содиқона хизмат намоянд. Ва ба қадри ободонии ин Ватан расида баҳри пойдории сулҳу оромии он ҷидду ҷаҳд намоянд

“Паёми Кӯҳистон”