Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Иди бостонии Сада

0
19

Ҳамдиёрони азиз!

Бо ифтихори беандоза иброз менамоям, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва талошу пайгириҳои доимии Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо аз нав эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатдорӣ бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мегарданд.

Зеро ин ҷашнҳо ёдгорие аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.

Тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад. Зеро он ифодагари омодаги ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дар бар гирандаи нияту орзӯҳои гузаштагони мо мебошанд.

Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзӯи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сардии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаҳои фарҳанги куҳан ва ойину суннатҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардидааст, ки ҷашни Сада аз ҷумлаи онҳост.

Ҷашни мазкур ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи ниҳолшинони тайёри ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон чунин таъкид доштанд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Пешниҳоди Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун истиқболи самимонаи Наврӯзи аҷам бо маҷмӯи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш, Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рӯ ба рӯ гардида, минбаъд низ дар таҷрибаи бузургтарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён нақши пурфайз мегузорад.

Аз рӯи андешаи аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан 14 — 15 ҳазор сол пеш дар сарзамини паҳновари Ориёно падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обрӯю санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад. Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва истихроҷи сангҳои қимматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашнӣ мардуми ориёитабор ва ба иборае куҳантарин ҷашнӣ ҷаҳон медонанд. Воҷаи ҳамон адади сад буда, ба маънои сад шабу рӯз то оғози Наврӯз аст. Дар Тоҷикистони мо низ баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳро барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид. Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шуд, ки ҷашни Сада низ ба шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардид.

Ин се ҷашни миллӣ реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеҷ робитае ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни кӯҳан ба монанди ойини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моро водор месозад, ки баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, боис ба он мегардад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия боз ҳам паст карда шавад дар ҳамбастагӣ мувофиқи имкониятҳои ноҳия талошу меҳнати зарбдорона, холисона ва софдилона намуда, аз ҳарвақта дида боз ҳам дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бахшида ба санаҳои муқаддаси миллӣ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро бештар ба роҳ монем.

Боварӣ дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳуввияту худшиносии мардум ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад.

Оғози соли нави мелодиро бори дигар ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, орзуманди онем, ки соли равон барои мардуми сарбаланди ноҳияамон соли фаровонию саодатмандӣ гардад.

Ҷашни Сада муборак ҳамдиёрони азиз!