ҶАШНИ БОСТОНИИ САДА ДАР КӮҲИСТОН

0
34

Санаи 28-январи соли 2023 бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии тантанавӣ доир гардид. Чорабини дар саҳни мактаби рақами 2-и деҳаи Пастиғав баргузор шуд. Саҳни мактаб субҳи имрӯз ба таври идона ороста шуда, ҳамчунин ҳаво беғубору офтобӣ буда, дар ин рӯз пиру барно дар саҳни мактаб ҷамъомада буданд. Ҳамчунин дар саҳни муассиса ҳунармандону кишоварзон ҳунарҳои гулдӯзию дастидӯзӣ, инчунин хурокҳои миллию маҳаллӣ ва анвои меваю сабзавотҳо, ки дар Кӯҳистони Мастчоҳ истеҳсол мешаванд ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло низ дар таҷлили Иди Сада ширкат карда нахуст аз маҳсули дасти ҳунармандон ва дигар ҷиҳозҳои ба маърази тамошо гузошта шуда, дидан карда, ба маҳсули дастранҷи ҳунармандону ва деҳқонон баҳои баланд дод.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло паёми табрикотии хешро бахшида ба Иди бостонии Сада ироа намуд. Зимни сухани табрики Раиси ноҳия гуфт, ки Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор меравад . Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад гуфт мавсуф.

Аснои суханронӣ Раиси ноҳия гуфт, ки ба истиқлоли 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор корҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла дар деҳаи Пастиғав сохтани бинои муассисаи таълимӣ, кӯдакистон ва дигар иншоотҳои зарури ба нақша гирифта шудааст, ки то арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин Раиси ноҳия аз кору фаъолияти сокинон ба хусус дар рафти иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, ки ҷавонони рустои Пастиғав ҳамасола ихтиёран ҳозир мешаванд ёдовар шуда, ба волидайни чунин ҷавонон ва аҳли деҳ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин Бобозода Хайрулло барои фаъолияти кории сокинон ва ҷавонон дар иҷрои корҳои муҳими ҷамъиятӣ ситоиш карда гуфт, ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои ҷавонони деҳаи Пастиғав як майдончаи варзиши футбол давоми сол сохта хоҳад шуд.

Дар охир бахшида ба Иди бостонии Сада Раиси ноҳия чанде аз фаъолон ва пирону собиқадорони меҳнатро бо туҳфаҳо қадрдони намуд.

Саидвоҳиди Қосим