Муаррифии фаъолияти корӣ дар соли 2023

Лоиҳаи «Идоракунии ҳамгироии захираҳои табии барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» дар Кӯҳистони Мастчоҳ машварати корӣ доир намуда самтҳои фаъолияти хешро барои соли 2023 баён кард.

Санаи  27-январи соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Барномаи рушди деҳот -марҳилаи- 2 бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, менеҷери лоиҳа Роза Қурбонова, намояндагони шарикони рушд ва дигар масъулину фаъолони ноҳия шуда гузашт.

Дар ҷамъомад Гурӯҳи муколама нақшаи кории Лоиҳаи «Идоракунии ҳамгироии захираҳои табии барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон»-ро барои соли 2023 муфассал баён намуданд.

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тавассути шарикони рушд аз ҷумла Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Ширкати ғайритиҷоратии Сароб ва дигар шарикони лоиҳа амали карда мешавад.

Аз ҷумла гурӯҳи муколама дар ин дидори худ дар яке аз ноҳияҳои зерҳадаф дар Кӯҳистони Мастчоҳ баромад карда, доир ба фаъолияти минбаъдаи худ изҳори назар намуданд. Аз ҷумла самти фаъолияти Лоиҳа ки тавассути шарикони рушд амали када мешавад самтҳои фаъолияти худро чунин баён кард аз ҷумла; барои ҳифзи ҷангалзорҳо ва бунёди ҷангалзори нав, инчунин бунёди боғҳои интенсивӣ, дастраснамудани навъи тухмии хушсифати картошка, дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ, бунёди ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтани табибони санитари ва эпидемиологӣ соҳибмаълумот намудани онҳо, дастрас намудани баъзе таҷҳизотҳо ба нуқтаҳои тиббӣ деҳот, бунёди гармхонаҳо ва коркард ҷиҳати баланд бардоштани ғизои солим мебошад. Аз ҷумла намояндагони ё худ шарикони амалкунандаи Лоиҳа таъкид карданд ки дар рафтани амали кардани самтҳои асосии фаъолияти Лоиҳа масъалаи гендерӣ аз ҷумла аксаран ҷалби занон ба ин корҳо ба назар гирифта мешавад.

Дар маҷму гурӯҳи муколама дар ин вохӯрии хеш дар Кӯҳистони Мастчоҳ пас аз баррасии фаъолияти хеш дар солҳои гузашта, самтҳои фаъолияти хешро дар соли 2023 муаррифи намуданд. Сипас миёни намояндагони лоиҳа ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ҷиҳати ҳамкории шарикони рушд кору фаъолияти онҳо дар марҳилаи якум ва корҳои анҷомдодаи онҳо изҳори қаноъатмандӣ намуда, изҳори умед кард, ки Лоиҳаи «Идоракунии ҳамгироии захираҳои табии барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» дар марҳилаи дуюми фаъолияти пурсамар ба роҳ монда дар рушду ободонии ноҳия саҳми хешро мегузорад.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»