БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ

0
23

Санаи 7-уми январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодӣиҷтимоии ноҳия дар давоми соли 2022 доир гардид.

Дар кори маҷлис Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст муовини муовини аввали Раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми соли 2022 ҳисоботи муфассал дода, иброз дошт, ки мардуми заҳматкаши ноҳия чун дигар сокинони кишвар бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри ободонии кишвари азизамон–Тоҷикистон ҳисси арзишманди худро гузошта, соли сипаришударо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли 2022 бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат ва сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли меҳани азизамон, ки мояи ифтихору сарфарозӣ, нангу номуси миллӣ маҳсуб меёбад, инчунин дигар ҷашну санаҳои муқаддас дар ҳудуди ноҳия чандин иншооти наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин барои таъмини ҷойи корӣ ва беҳбудии шароити зисти мардум мусоидат мекунад.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2022 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 5480,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 6568,7 ҳазор сомонӣ таъмин шудааст, ки  ин рақам аз нақша 1088,7 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 119,8 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 31468,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷрои он 31293,1 ҳазор сомонӣ ё 99 фисадро дарбар мегирад. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2732,9 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 2714,0 ҳазор сомонӣ ё худ 99 фоиз аст. Дар соҳаи мудофиа нақша 108,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 108,2 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақша 15,07 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 15,07 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро ташкил медиҳад. Соҳаи маориф 21283,3 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 21152,7 ҳазор сомонӣ, ё худ 99 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 5398,1 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 5396,2 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,9 фоиз аст. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 289,5 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 289,5 ҳазор сомонӣ ё худ 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 566,5 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 566,4 ҳазор сомонӣ ё худ 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 664,9 ҳазор сомонӣ, иҷро 648,6 ё 98 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 211,7 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 203,6 ҳазор сомонӣ ё 96 фоиз аст. Дигар хароҷот тибқи нақша 198,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 198,2 ё 100 фисад таъмин карда шудааст.

Ба буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 4919,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 130 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 1144,3 ҳазор сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

Маблағи қарзи андоз дар ноҳия 178,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли равон 9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Баҳри пардохти маблағҳои қарзи андоз дар ноҳия аз ҷониби кормандони нозироти андоз корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Нақшаи андози суғуртаи иҷтимоӣ 265,3 ҳазор сомониро ташкил дода, таъминоти он ба маблағи 285,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки 107,4 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 5134 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷрои он 5642,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 109,2 фоизро дарбар мегирад.

Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо дар бандҳои ҳимояшавандаи  қисми хароҷоти буҷет дар ноҳия вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 978,72 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,39 сомонӣ ё 113,2 фисад зиёд мебошад.

Пас аз пешниҳоди ҳисоботи муфассал Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз фаъолияти шуъбаву бахшҳои ноҳия аз ҷумла, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, шабакаҳои барқ, Амонатбонк пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо ва беҳбуди кор дастуру супоришҳо дода, ба масъулин барои пурра ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоот ва бунёди иншооти наву замонавӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дод.

Дар охир Раиси ноҳия аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои рисолати касбии худ ва саҳм гузоштан дар ободонии кишвар ҳиссаи арзишманди худро гузоранд.