АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН ВА ПИРОНУ БАРҶОМОНДАГОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

0
3

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар арафаи соли нави мелодии 2023 дар ҳудуди ноҳия ниёзмандон ва пирону барҷомондагонро аёдат намуда, бо онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводи хӯрока тақдим  намуд.

Санаи 31- декабри соли 2022 Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло дар арафаи соли нави мелодӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз рустоҳои ноҳия рафта, пирону барҷомондагонро дар манзилашон аёдат намуд. Зимни аёдат Раиси ноҳия онҳоро ба соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, инчунин ба чанде аз қишри ниёзманди аҳолӣ маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.

Аз ин амали хайр пирони рӯзгор ва қишри ниёзманди аҳолӣ хушҳол шуда, барои чунин амали хайрхоҳона изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҳар иду айём қишри ниёзманди аҳолӣ собиқадорон ва пирону барҷомондагон ба ғамхори фаро гирифта мешаванд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН