ТӮҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ДӮСТРӮЯКОНИ МАКТАБ -ИНТЕРНАТ

0
9

Дар арафаи соли нави мелоди дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактабинтернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар арафаи омадомади соли нави мелоди бо туҳфаҳо ва сарулибосу пайафзол ва маводи хӯрока таъмин карда шуданд.

Санаи  28-декабри соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, ҳамроҳ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Мазбутхоҷа ба мактаб- парваришгоҳ ташриф овард. Нахуст аз шароити буду бош дар ин боргоҳ шинос шуда, сипас хонандагон ва омӯзгорони муассисаро ба соли нави мелоди табрик намуд. Ҳангоми сухани табрикӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди аҳолӣ, ятимон камбизоат ва ба хусус тарбиятгирандагони мактаб -интернатҳо дар саросари мамлакат зери ғамхории махсуси давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамчунин мактаб- парваришгоҳи ноҳия низ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қарор дорад. Дар ин боргоҳ барои таълиму тарбия тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Вазифаи шумо хонандагон ва дуструякони азиз танҳо хондан дар оянда соҳибкасб шудан мебошад гуфт номбурда.

Тибқи иттилои расида дар ин рӯз яъне дар арафаи омад-омади соли нави мелодӣ ба мактаб интернати ноҳия дастархони идона ороста шуд. Инчунин аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 42 нафар тарбиятгирандагони ин муассиса ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ аз ҷумла 42 ҷуфт пойафзол, 42 ҷуфт сару либоси зимистона, ба ҳамаи онҳо ашёҳои хониш, маводҳои хӯрока гӯшт, сабзӣ, биринҷ, шириниҳо, тӯҳфа карда шуд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб интернати ноҳия туҳфаҳои солинавӣ ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»