НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТ

0
5

Муҳтарам кормандони мақомоти Амният ва собиқадорон, ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбиятон самимона табрик намуда, бароятон рӯзгори хуш, бахту иқбол ва саодатмандиро таманно дорам.

Дар воқеъ мақомоти Амният яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ буда, баҳри таъмини амнияти давлату миллат дар сафи аввал қарор дорад. Ин сохтори қудратӣ барои расидан ба истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат ва пеш аз ҳама таъмини амнияту суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил дар Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз хизматҳои шоён намудаву  дар ин роҳ ҷоннисориҳои зиёде кардааст.

Ҳаминаст, ки бо дастгири ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат барои ин ниҳоди пурқудрат яъне мақомоти Амнияти миллӣ тамоми шароитҳои кори фароҳам гардида ба кормандони ин ниҳод имконият ва имтиёзҳои давлатӣ пешбини шудааст. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бинои Шуъбаи Кумитаи давлати амнияти миллӣ бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, барои кормандони ин ниҳод шароити арзандаи кори муҳайё карда шудааст. Мақомоти Амният солҳои охир дар қаламрави кишвар барои таъмини амнияти давлату миллат, суботи сиёсӣ, инчунин мубориза алайҳи тамоми зуҳуротҳои номатлуб аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароии мазҳабӣ гоми устувор дошта, ҷиҳати як порча нигоҳ доштани Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллату давлати Тоҷикистон ҳамеша дар сафи аввал кору фаъолият намудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони мақомоти Амният, собиқадорони дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, инчунин дар симои кормандони ноҳиявии ин сохтор кулли мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи иди касбияшон самимона табрик намуда, ба Шумо тансиҳативу иқболи нек ва ба осмони Тоҷикистон амнияту суботи пойдорро таманно дорам.

Рӯзи Иди касби муборак кормандони мақомоти Амнияти миллии Тоҷикистон!