Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Имрӯз 23-декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми Президенти мамлакатро дар саросари мамлакат аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба хусус дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Меҳрон, дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ инчунин тамоми ташкилоту сохторҳои ноҳиявӣ ба таври дастаҷамъона  тамошо намуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад, ки дар он Президенти мамлакат самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро бозгу карда, инчунин натиҷаи фаъолияти солонаи ҳукумати мамлакатро натиҷагирӣ ва нақшаю тадбирҳоро барои соли оянда муайян менамоянд.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосан ба масъалаҳои соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат аз ҷумла иқтисодиёт, саноат, энергетика вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ибрози назар карда, инчунин оиди роҳу нақлиёт, маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва ғайраҳо сухан ронда, дар ин самт тадбирҳои заруриро пешбини намуданд.

Масъулин ва фаъолони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пас аз тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳӯ илҳоми тоза гирифта, ҳар як дастур супориши дар Паём ироа намудаи Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани ин гушаи дурдасти Кӯҳистонии мамлкат дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимонаву содиқона кору фаъолият менамоянд.

“ПАЁМИ КӮҲИСТОН”