Ҷаласаи ҷамъбастии ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд

0
5

Санаи 21 уми декабр дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода шуда гузашт. Дар кори ҷаласа Раиси Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовини Раиси комиссия Сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳия подполковник Мирзобошиев Зафарҷон ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд.

Нахуст Мирзобошиев Зафарҷон ба сухан баромада оид ба фаъолияти Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табии дар соли 2022 ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки соли ҷорӣ офатҳои табии ба ноҳия беш 4 млн сомонӣ хисорот ба бор овард, ки ин зарарҳои офати табии бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳатарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саривақт бартаф карда шуданд. Ба хусус соли ҷорӣ дар натиҷаи афтидани кӯҳпора дар мавзеи яхчии деҳаи Дашт ду ҷуйбор вайрон шуд. Бо дастгирии МИҲД-и вилояти Суғд бо маблағи 3млн сомон ҷуйҳо барқарор ва оби полезии беш аз 70-гектар замин таъмин карда шуд. Инчунин дар натиҷаи гармшавии ҳаво ва баландшавии сатҳи оби сойи деҳаи Водиф пули мошингузар ва роҳ вайрон гардида буд, аз дигар қитъа роҳ канда шуда, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир таъмин карда шуд. Ҳамчунин дар натиҷаи боришоти борон сел омада ҷуйбор ва заминҳои корами деҳаи Ҳадишаро вайрон карда буд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷуйбор ва заминҳо тоза гардида, ба ҳолати қабли баргардонида шуданд гуфт Мирзобошиев. Дар идома ҳамчунин оид ба мавзеъҳои дар хавфи офати табии қарордоштаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби ҳайати Комиссияи ҳудуди оид ба ҳолатҳои фавқулода барои андешидани чораҳои пешгирии аз хавфи офатҳои табии ибрози назар карда шуда, нақшаю тадбирҳо барои соли 2023 қабул карда шуданд.

Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло низ суханрони намуда, гуфт ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи мавзеъҳоест, ки аз ҷиҳати хавфи офатҳои табии осебпазир мебошад. Офати табии аз номаш ҳам маълум, ки мо хоҳем ё не рух доданаш мумкин. Бинобар ин моро зарураст, чораҳои пешгирӣ ва ҳадди ақал ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табии дар минтақаҳои хатарнок корбарӣ намоем. Ҳамчунин ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар ин раванд корро ҷоннок намуда, маводҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табии саривақт захира карда, инчунин барои кучонидани оилаҳои дар зери хавфи офатҳои табии қарор дошта, тадбирҳои амали роҳандозӣ намоянд.

“ПАЁМИ КӮҲИСТОН”