Иҷлосияи сенздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд.

Имрӯз 21-декабри соли 2022 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон Иҷлосияи сенздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд.

Дар кори иҷлосия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-Тоҳирҷон Толибзода, вакилон ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар рӯзномаи иҷлосияи асосан 8- масъала аз ҷумла: Тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳавзаи интихоботии «Сабағ» 23; Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми 11-моҳи соли 2022; Дар бораи қабули буҷети ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2023; Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагиҳои рифоҳӣ; Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии 1, Қозиев Абдуҷалил оид ба ваколатҳои вакилияш дар ҳавза; Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ; Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ; Тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия барраси карда шуданд.

Нахуст номзадии Бурҳонзода Иноятулло аз ҳавзаи интихоботии «Сабағ» 23 ба барраси гузошта шуда, аз ҷониби вакилони халқи ноҳия номзадии ӯ ба ҳайси вакил дар ҳавзаи мазкур пазируфта шуд. Сипас муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ба сухан баромада дар назди вакилон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар дар давоми соли 2022 муфассал маълумот дод. Аз ҷумла гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ, 35- солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси ноҳия ба тасвиб расида тибқи он нақша-чорабиниҳо иборат аз 115 банд таҳия карда шудааст, ки дар он сохтмони иншоотҳои гуногун барои пешрафт ва ободонии ноҳия ба нақша гирифта шуда, нақшаи тасдиқгардида марҳила ба марҳила то фарорасии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ иҷро карда мешавад. Ҳамчунин оиди рушди саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар дастовардҳои ноҳия дар давоми 11-моҳи соли равон ба таври васеъ ҳисобот дод.

Идомаи кори иҷлосия тибқи муқаррарот сурат гирифта, масъалаҳои пешбини шуда ба тартиб баррасӣ карда шуданд. Дар иҷлосия масъалаи қабули буҷети ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2023, масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагиҳои рифоҳӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ аз ҷумла гузоштани МТМУ №14-и деҳаи Ҳадишаҳр ба номи Холзода Нормуҳаммад, МТМУ № 25 деҳаи Истошон ба номи Неъматзода Содирбег ва дигар масъалаҳои муҳим барраси гардида дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд ба сухан баромада натиҷаи фаъолияти МИҲД-и ноҳияро дар давоми 11-моҳи соли равон хуб арзёби карда изҳори умед кард, ки вакилону фаъолони ноҳия дар ҳамбастагӣ минбаъд низ ҷиҳати пешрафту ободонии ноҳия ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ бо масъулину фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни интихобкунандагон мунтазам   корбарӣ намоянд. Ҳамчунин изҳори умед кард, ки вакилони халқи ноҳия ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҷалби мардум ба корҳои ободонии маҳалли зист ва муҳити атроф,рушди саноат дар ноҳия, ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ ва дигар тадбирҳои муҳим дар ноҳия ҳиссаи худро мегузоранд.

Саидвоҳиди Қосим