ХАРИТАҲОИ ҚОНУНӢ ИСТИФОДА ШАВАНД
(5 тасвир ва як пешниҳод)
Муддати беш аз як моҳе, ки барои шарҳи мақолаи худ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи сарҳадӣ бо Қирғизистон ба вазорату идораҳо, мактабу донишгоҳҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар даъват мешавам, ба воқеияти дардноке рӯбарӯ шудам: ДАР АКСАРИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ХАРИТАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАКЛЕСТ, КИ ДАР ОН ВОРУХ АНКЛАВ Ё ҶАЗИРАЕ ДАР ДОХИЛИ ҲУДУДИ ҚИРҒИЗИСТОН НИШОН ДОДА ШУДААСТ ВА ЗАМИНҲОИ ДИГАРИ ҚОНУНИИ ТОҶИКИСТОН НИЗ ДАР ИН ХАРИТАҲО ДАР ХОКИ КИШВАРИ ҲАМСОЯ ТАСВИР ШУДААНД. (?!)
Дар ин маврид бояд гуфт, ки на танҳо чунин харитаҳо ғайриқонунӣ, балки амали харитасозу харитаовезон низ дуруст нест.
Зеро, ҳамаи санадҳои таърихӣ, ки гаштаву баргашта санҷида шуданд, нишон медиҳанд, ки пас аз анҷоми ҳамаи тақсимоти Осиёи Марказӣ сарҳадҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори охир рӯзи 01.01.1932 бо Қарори КИМ Иттиҳоди Шуравӣ ва дар ҳамон таърих бо Қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон тасдиқи ниҳоӣ шудаанд ВА аз он рӯз то имрӯз (20.12.2022)дар бораи дар ин минтақа тағйир ёфтани сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар сатҳи Ҷумҳурӣ ва на дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ягон қарору ҳуҷҷати дигар қабул нашудааст.
Пас, дар самти шимоли кишвар, дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҷазирае дар дохили кишвари ҳамсоя нишон додани ҷамоати Ворух ва ҷузъи Қирғизистон тасвир намудани қисми ҷанубии ҷамоатҳои Овчӣ- Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва минтақаи Андараки байни ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва Деваштич, ҲЕҶ АСОСИ ҚОНУНӢ НАДОРАД… Ба ибораи дигар, амали ғайриқонунист…
Барои дақиқ тасаввур шудани манзараи сарҳади давлатии Тоҷикистон дар ин мавзеъ, дар зер 6 тасвир пешниҳод мешавад, ки метавон муқоиса намуду хулоса гирифт:
ТАСВИРИ 1. Нақшаи аслии харитаи ҶШС Тоҷикистон дар оғози таъсиси он, ки Экспедитсияи 23-юми харитасозии Иттиҳоди Шуравӣ зери роҳбарии харитасози маьруф, профессор И.В.Шукин (Иван Семёнович Щукин) тартиб додааст. Ин ҳайати касбию корӣ моҳҳо хатти сарҳадии Тоҷикистони навтаъсисро қадам ба қадам гашта, онро ба таври ҷузъӣ мушаххас ва муайян карда, тасвири дақиқи сарҳадро бо таври дастӣ ва эскизӣ кашидааст. Илова бар ин нақшаи харита, И.Шукин тавсифи (описание) чӣ тавр ва аз куҷоҳо гузаштани ҳар қитъаи хатти марзиро бо матни муфассал навиштааст. Ин тасвир сурати оддӣ нест, балки ҳуҷҷат аст, эскиз ё модари харитаи Тоҷикистон аст.
ТАСВИРИ 2. Харитаи нахустини ҶШС Тоҷикистон, ки пас аз тасдиқи ҳамаи тақсимоти сарҳадӣ дар таърихи 01.01.1932, дар соли 1932 таҳия ва нашр шудааст. Он бо эскизи аслии харитаи Тоҷикистон (расми 1) пурра мутобиқ аст ва хоҳишмандам, ки худ муқоиса намоед.
Дар ин харитаи аввалин ва аслии Тоҷикистон Ворух ҳаргиз анклав ё ҷазира дар ҳудуди кишвари дигар набуда, ба таври пурра ба Тоҷикистон пайваст аст ва минтақаҳои Хистеварзу Андарак низ пурра дар дохили хоки Тоҷикистон ҷойгиранд. Ин харитаи аслӣ ва аввалину охирини Тоҷикистон аст.
Аз ҳамон вақт ТО ИМРӮЗ сарҳади давлатии Тоҷикистон дар ин минтақа ҳаргиз, бо ягон санад иваз нашудааст, аммо харитаю овезаҳои деворҳои муассисаҳои мо бисёр тағйир ефтаанд. Ин харитаҳо чӣ хел ва дар кадом асос пайдо шудаанд, масъалаи ҷиддии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва амниятист. Шояд онҳо бе ҳеҷ масъулият аз интернету аз шабакаи Гугл ё аз бозори Чин харида шудаанд, аммо як нукта аниқ аст, ки асоси қонунӣ надоранд.
ТАСВИРИ 3. Матни тавсифи И.Шукин дар бораи ҷузъиети хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин мавзеъ.
ТАСВИРИ 4. Харитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1943 ва 1953, ки дар он Ворух ҷазира нест. Ҳамин тавр харитаҳои солҳои 60-ум, 70-ум ва 80-ум низ чунинанд. Пас чӣ АСОСИ ҲУҚУҚӢ пайдо шудааст, ки харитаҳои имрӯз чунин тағйир ёфтаанд?
ТАСВИРИ 5.Ду расми харита аз сомонаи ду муассиса, ки бар хилофи сарҳади расмии давлати мо дар ин минтақа кашида шудаанд. Яъне, муаллифон ва овезандагони чунин харитаҳо Ворухро ҷазирае дар дохили кишвари ҳамсоя нишон дода, заминҳои дигарро барваааақт ба ҳамсоя бахшидаанд.
Дар ин тасвирҳо метавон дид, ки байни харитаи қонунии Тоҷикистон ва харитаҳои истифодашавандаи ғайриқонунии ташкилоту муассисаҳо чӣ фарқи бузург дида мешавад! Чунин харитаҳо шояд дар аксари идораю муассисаҳо, аз ҷумла дар муассисаи Шумо низ бошанд. (Имрӯз як бор ба ин масъала таваҷҷуҳ кунед.)
Аммо бояд гуфт, ки ХАРИТАИ ЯК КИШВАР ТАНҲО ЯК СУРАТ Ё «КАРТИНКА» НЕСТ, БАЛКИ ХАРИТА ҲУҶҶАТИ ДАҚИҚ ВА РАСМИИ ДАВЛАТИСТ! Он танҳо дар асоси қарори давлат муайян ва тасдиқ мешавад. Аз ин рӯ, он на бояд худсарона, балки танҳо дар асоси сарҳадҳои расман тасдиқшудаи давлатӣ тартиб дода ва истифода бурда шавад.
Бинобар ин, бо эҳтиром пешниҳод менамудам, ки:
1.Беҳтар аст харитаҳои ғайриқонуние, ки тасвирашон ба сарҳадҳои давлатии қонунии Тоҷикистон мутобиқ нест, дигар истифода нашаванд.
2.Зарур аст, ки харитаҳои Тоҷикистон бояд танҳо дар асоси сарҳадҳои расмию қонунии давлат тартиб дода ва истифода шаванд. Ниҳоди дахлдори давлатии харитасозӣ харитаи қонунии Тоҷикистонро аз рӯи сарҳадҳои қонунии кишвар нашр намояд ва ҳамагон маҳз аз он истифода намоянд.
3.Агар ду кишвари ҳамсоя дар оянда масъалаи сарҳадиро пурра ҳал намуда, дар натиҷа сарҳадҳои нави расмию қонунии ду давлатро муайян кунанд, он вақт идораи дахлдори давлатии Тоҷикистон харитаи нави Тоҷикистонро бо нишон додани хатти нави сарҳади давлатӣ таҳия ва нашр мекунад.
Аммо, модоме, ки аз 01.01.1932 то ИМРӮЗ хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар самти Хуҷанду Исфараву Кӯҳистони Масчоҳ бо ягон санад ва ягон метр расман тағйир наёфтааст, бояд меъёр танҳо харитаи расмии соли 1932 бошад.
Умедворам, ин мулоҳизаи самимона дуруст дарк гардад